Русия барои се ширкат муҷаввизи парвоз ба Тоҷикистонро содир кард
Созмони федералии нақлиёти ҳавоии Русия ( Росавиатсия ) ба се ширкат муҷаввиз дод ба 4 шаҳри Тоҷикистон парвоз барқарор кунанд .
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Спутник бар асоси ин фармон ширкатҳои хатҳои ҳавоии Урал, Сибирия ва Амвоҷи шимол муҷаввизи парвоз ба шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Кулоб ва Бохтарро дарёфт кардаанд.
Ин ширкатҳои русӣ аз шаҳрҳои Астрахан,Уфа, Маскав,Қазон,Перм,Красноярск,Самара,Новосибирск,Калининград,Кимерово, Ростов, Минводи ва Нижний Новгород метавонанд ба ин 4 шаҳри Тоҷикистон парвоз кунанд . Ин дар ҳоле аст, ки порлумонҳои Русияву Тоҷикистон мавзӯи азсаргирии парвозҳои муназзам миёни ду кишварро, ки як сол қабл ба далели густариши корона қатъ шуда буд, баррасӣ мекунанд .
Бо ин ҳол судури муҷаввизи парвозҳои муназзам миёни Русияву Тоҷикистон ба натоиҷи гузориши гурӯҳи кории Созмони ғизову доруи Русия бастагӣ дорад, ки бояд бо сафар ба Душанбе авзоъи бемории Ковид 19-ро дар ин кишвар баррасӣ кунанд.
Дар Тоҷикистон аз рӯзи 10 январ то ба ҳол ҳеч мавриди наве аз корона сабт нашудааст ва авзоъи коронаӣ дар ин кишвар сафед аст .
Аз ин рӯ ҳукумати Тоҷикистон аз Русия дархост кардааст, ки ба далели набуди мавридҳои нави ин беморӣ муҷаввизи азсаргирии парвозҳои муназзам миёни ду кишварро содир кунад.
Бештар бихонед :
- Умедворӣ ба барқарории парвозҳои муназзам миёни Тоҷикистон ва Русия
-
Баррасии азсаргирии парвозҳои муназзам миёни Русия ва Тоҷикистон