Пешбинии афзоиши беш аз ним миллионнафарии ҷамъияти Тоҷикистон тайи се соли оянда
(last modified Mon, 15 Mar 2021 08:02:31 GMT )
Март 15, 2021 13:02 Asia/Dushanbe
  • Пешбинӣ шудааст, ки аҳолии Тоҷикистон то соли 2030 ба 11 миллион нафар мерасад
    Пешбинӣ шудааст, ки аҳолии Тоҷикистон то соли 2030 ба 11 миллион нафар мерасад

Коршиносон афзоиши 625 ҳазорнафарии ҷамъияти Тоҷикистон тайи се соли ояндаро пешбинӣ кардаанд.

 Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Авесто, ожонси давлатии омори Тоҷикистон эълом кард ҷамъияти кишвар аз авоили имсол ( 2021 ) аз 9 ,5 миллион нафар фаротар рафта ва акнун ба 9 миллиону 504 ҳазор нафар расидааст, ки рушди 2 дарсадии нисбат ба соли 2020-ро нишон медиҳад.

Аз ин рӯ коршиносон мӯътақиданд, ки бо ҳифзи суръати рушди 2 дарсадӣ дар соли 2023 ҷамъияти ин кишвар ба 10 миллиону 29 ҳазор нафар хоҳад расид. 

Ин дар ҳолест, ки дар соли 1991 ва замони истиқлоли Тоҷикистон ҷамъияти ин кишвар панҷуним миллион нафар буд.

 Бар асоси барномаи рушди роҳбурдии Тоҷикистон интизор меравад, ки ҷамъияти ин кишвар дар соли 2030 ба 11 миллион нафар бирасад. 

Аз сӯи дигар дар соли 2019 Бонки ҷаҳонӣ рушди сариъи ҷамъияти Тоҷикистонро, ки бо барномаи эҷоди иштиғол ва коҳиши фақр дар ин кишвар таносубе надорад, ҳамчун бомбаи соатӣ тавсиф карда буд  Зеро 60 дарсад аз ҷамъияти 9 миллиону 504 ҳазор нафарии Тоҷикистонро афроди дорои шароити кор ташкил мекунанд, ки бояд барои онон барномаи ҷомеъи эҷоди иштиғол тадвин шавад.

 

Бештар бихонед:

Барчасп