Тоҷикистониҳо барои сафари ҳавоӣ ба Русия ҳамчунон маҳдудият доранд
Бо вуҷуди эъломи оғози парвозҳои муназзами ҳафтаӣ миёни Тоҷикистону Русия маҳдудияти парвози шаҳрвандони тоҷик ба Маскав ҳамчунон боқӣ аст.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Спутник, нахустин парвози муназзам миёни Душанбе ва Маскав аз тариқи ширкати ҳавопаймоии русии Ют эйр дар ҳоле анҷом шуд, ки аз 249 мусофири дорои билет танҳо 10 нафар муваффақ шуданд ба ҳавопаймо савор шаванд.
Гуфта мешавад ки иллати ин мушкил таъхир дар эъломи тағироти шароити парвоз бар асоси қонуни нақлиёту мусофирбарии Русия будааст .
Бар ин асос ширкати Сомон эйри Тоҷикистон муқаррароти вуруди шаҳрвандони тоҷик ба Русияро эълом ва таъкид кардааст : Дар нахустин парвози ширкати Сомон эйр аз Душанбе ба Маскав дар рӯзи 4 апрел танҳо мусофироне метавонанд савори ҳавопаймо шаванд, ки барои вуруд ба Русия иҷозатнома доранд .
Коргарони муҳоҷир, ки дар феҳристи вазорати меҳнати Русия номнавис шудаанд, мутахассисони мавриди ниёзи ширкатҳои русӣ ва хонаводаҳои онон, бемороне ки ниёз ба дармон дар Русия доранд ва хешовандони наздики тоҷикистониҳои дорои шаҳрвандии Русия аз ҷумлаи гурӯҳҳои дороии муҷаввизи вуруд ба Русия ҳастанд.
Ҳамчунин ба ҳамроҳ доштани нусхаи чопи роёнаии гувоҳиномаи озмоиши манфии Ковид 19 бо 72 соъат эътибор ба забони русӣ,ниқоб ва дасткаш зарурӣ аст.
Бештар бихонед :
-
Беназмӣ дар нахустин парвози " муназзам " миёни Душанбе ва Маскав
-
Русия барои се ширкат муҷаввизи парвоз ба Тоҷикистонро содир кард