Романи нависандаи рус дар бораи Рӯдакӣ ба забони тоҷикӣ тарҷума шуд
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i64656
Интишороти «Эр-граф» дар Душанбе романи " Бозгашт ба Панҷрӯд "- асари нависандаи муосири Русияро дар бораи устод Абуабдуллои Рӯдакӣ - падари шеъри форсӣ ба забони форсӣ- тоҷикӣ мунташир кард .
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Апрел 04, 2021 11:04 Asia/Dushanbe
  • Ин асарро Абуқодири Рустам-нависандаи тоҷик ба забони форсӣ-тоҷикӣ баргардондааст
    Ин асарро Абуқодири Рустам-нависандаи тоҷик ба забони форсӣ-тоҷикӣ баргардондааст

Интишороти «Эр-граф» дар Душанбе романи " Бозгашт ба Панҷрӯд "- асари нависандаи муосири Русияро дар бораи устод Абуабдуллои Рӯдакӣ - падари шеъри форсӣ ба забони форсӣ- тоҷикӣ мунташир кард .

  Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Ховар, романи "Бозгашт ба Панҷрӯд " ба қалами  Андрей Волос  қаблан ба забонҳои арманӣ, булғорӣ, юнонӣ ва чанд забони дигар мунташир шуда буд .

  Ин асарро Абуқодири Рустам-нависандаи тоҷик ба забони форсӣ-тоҷикӣ баргардондааст

  Романи “Бозгашт ба Панҷрӯд” дар радаи беҳтарин осори адабии муваффақ ба дарёфти ҷоизаи Антибукер дар Русия шудааст .

  Андрей Волос, ки худ зодаи Тоҷикистон ва муқими Русия аст, солҳои қабл бо интишори романи " Хуррамобод” дар бораи Тоҷикистон   ду ҷоизаи давлатии Русия ва  Антибукер ва ҷоизаи адабии муштараки Италияу Русияро касб карда буд .

 

  Бештар бихонед :