Вокуниши Ҳизби демократи Тоҷикистон ба пешниҳоди вогузории Ворух ба Қирғизистон
(last modified Mon, 05 Apr 2021 06:14:37 GMT )
Апрел 05, 2021 11:14 Asia/Dushanbe
  • Усмонзода ба пешниҳоди тарафи Қирғизистон дар бораи вогузории Ворухи Исфара ба Қирғизистон вокуниш нишон дод
    Усмонзода ба пешниҳоди тарафи Қирғизистон дар бораи вогузории Ворухи Исфара ба Қирғизистон вокуниш нишон дод

Ҳизби демократи Тоҷикистон тарҳи пешниҳоди Бишкек барои иваз кардани минтақаи Ворухи Тоҷикистон бо 12 ҳазор гектари замини ноҳияи Ботканди Қирғизистонро ғайри қобили пазириш донист.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Спутник , Сайидҷаъфар Усмонзода-раиси Ҳизби демократ  ва намояндаи Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон бо интишори ин баёния дар сафҳаи хеш дар шабакаи Фейсбук   пешниҳоди генерал Қамчибек Тошиев- раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистонро дар бораи вогузории минтақаи Ворух бо 30 ҳазор ҷамъият ба кишвари ҳамсоя ғайримантиқ  ва беасос дониста аст.

   Вай таъкид кардааст : « Дар охирҳои даҳаи 1980 бо имзои Иззатуллоҳ Ҳаёев-раиси вақти Шӯрои вазирони Тоҷикистон 350 гектар замини ин кишвар ба унвони чарогоҳ ба таври муваққат ба Қирғизистон вогузор шуд, ки бояд бозгардонда шавад, аммо тарафи қирғиз бо сохти хона дар ин заминҳо ва ислоҳи нақшаи ҷуғрофиёӣ дар солҳое, ки Тоҷикистон даргири ҷанги дохилӣ буд, имрӯз иддао мекунад, ки ин манотиқ мутаъаллиқ ба онҳо аст . Агар имрӯз давлати Тоҷикистон дар баробари пешниҳоди ғайриқобилипазириши тарафи Қирғизистон вокуниш нишон надодааст, аммо афкори умумӣ, аҳзоб, ҷомеъаи маданӣ ва мардуми Тоҷикистон таҳти ҳеҷ шароите ин тарҳро қабул намекунанд . »

Дар рӯзҳои ахир овозаи вогузории минтақаи 30 ҳазор нафарии Ворух дар ноҳияи Исфара ба тарафи қирғиз дар баробари дарёфти 12 ҳазор гектар замин аз ноҳияи Ботканд ба ҷидоли лафзии миёни Ҳамроҳхон Зарифӣ-вазири умури хориҷаи собиқи Тоҷикистон ва генерал Қамчибек Тошиев-раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон анҷомид ва мавзӯъ ба шабакаҳои иҷтимоӣ ва расонаҳои хабарии минтақа низ кашида шуд. 

 

 Бештар бихонед :