Чиптаҳои парвозҳои Тоҷикистон ба Русия то охирҳои апрел фурӯхта шуд
(last modified Tue, 06 Apr 2021 05:52:53 GMT )
Апрел 06, 2021 10:52 Asia/Dushanbe
  • Аксари мусофирони ин парвозҳо муҳоҷирони корӣ мебошанд
    Аксари мусофирони ин парвозҳо муҳоҷирони корӣ мебошанд

Идораи авиатсияи граждании Тоҷикистон гуфт, чиптаҳо барои парвоз аз Душанбе ба Маскав то охири моҳи апрел пешакӣ фурӯхта мешаванд.

 Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Топ Тиҷӣ, бо оғози парвозҳои муназзами ҳавопаймоҳои ширкати русии " Ют Эйр " ва тоҷикистонии "Сомони Эйр " дар хатсайри Душанбе - Маскав Идораи авиатсияи граждании Тоҷикистон  хабар додааст, ки ба далели тақозоии зиёд то охири моҳи апрел чиптае барои фурӯш боқӣ намондааст.

Қарор аст ки ҳавопаймоҳои ин ду ширкат ду бор дар ҳафта аз Душанбе ба Маскав парвози рафту баргашт анҷом диҳанд. 

Бештар мусофирони ин парвозҳо коргарони муҳоҷир ҳастанд, ки дар як соли ахир ба далели набуди парвозҳои муназзам ва баста шудан марзҳои заминӣ натавонистанд барои кор ба Русия бираванд ва акнун низ ба иллати зиёд будани тақозо бо мушкили таҳияи чипта рӯ ба рӯ ҳастанд. 

 

Корманди яке аз ширкатҳои хадамоти ҳавоӣ дар шаҳри Душанбе бидуни ифшои номи худ гуфтааст: Теъдоди мутақозиёни сафар ба Русия зиёд ва парвозҳои ҳафтаӣ маҳдуд аст, аз ин рӯ ба ин афрод гуфта шуд, ки барои моҳи майи оянда билет супориш диҳанд.

Нархи билети ҳавопаймо аз Душанбе ба Маскав барои ҳар мусофир 4 ҳазору 51 сомонӣ таъин шудааст.

 

Бештар бихонед: