Октябр 22, 2016 21:04 Asia/Dushanbe
  • Такзиби пайвастани Тоҷикистон ба Иттиҳоди Авруосиё

Давлати Душанбе ахбори марбут ба пайвастани Тоҷикистон ба Иттиҳоди иқтисодии Авруосиёро такзиб кард.

Ба гузориши хабаргузории Форс, Қозидавлат Қоимдодов, сафири Тоҷикистон дар Беларус эълом кард: Давлати Душанбе ноогоҳона вориди ҳар созмону иттиҳодияе нахоҳад шуд .

Қозидавлат Қоимдодов дар мусоҳиба бо рӯзномаи Белта эълом кард, Душанбе мавзуи вуруд ба Иттиҳоди иқтисодии Авруосиёро ҳамчунон дар дасти баррасӣ дорад ва ахбори узвияти Тоҷикистон дар ин иттиҳод кизб аст. Ин дипломати тоҷик ҳамчунин тасреҳ кард, тасмим дар хусуси ниҳоӣ шудани узвияти Тоҷикистон дар Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё ба баргузории ҷаласоти мутааддиде барои баррасии фоида ва зарари эҳтимолии он бастагӣ хоҳад дошт .

Ба гуфтаи сафири Тоҷикистон дар Беларус, барои узвият дар созмонҳои иқтисодӣ, ҳар кишваре бояд дорои пуштвонаи сармояии боэътимоде бошад, ки дар ҳоли ҳозир бо таваҷҷуҳ ба вазъияти иқтисодии ҷаҳонӣ, Тоҷикистон аз ин муҳим бебаҳра аст .

Изҳороти сафири Тоҷикистон дар Беларус нишондиҳандаи бисёре аз мушкилоти иқтисодӣ ва маишатии давлат ва мардуми ин кишвари ҳавзаи Осиёи Марказӣ дар дохил ва дар сатҳи минтақа аст.

Дар ҳақиқат бояд гуфт, Тоҷикистон баунвони кӯчактарин ҷумҳурии Осиёи Марказӣ шинохта мешавад. Бар асоси охирин эъломи расмии ниҳодҳои давлатӣ, ки дар соли 2014 мунташир шудааст, Тоҷикистон беш аз 8 миллион нафар ҷамъият дорад. Ин дар ҳолест, ки ин кишвар даромади андаке дорад ва даромадҳои солона кафофи таъмини махориҷи давлат ва тарҳҳои умронӣ ва тавсеаии Тоҷикистонро намедиҳад.

Бар асоси омори расмӣ, беш аз як миллион ва бар асоси омори ғайрирасмӣ наздики 2 миллион коргари муҳоҷири тоҷикистонӣ дар Русия фаъолият доранд ва мояҳтоҷи хонаводаи худро дар беруни Тоҷикистон таъмин менамоянд. Даромадҳои ирсолии солонаи ин ҷамъият баробар бо 40 дарсад аз даромади нохолиси миллии Тоҷикистон аст. Дар ҳақиқат, эъзоми нерӯи кор ба Русия, яке аз роҳҳои касби даромади давлати Тоҷикистон низ баҳисоб меояд.

Русия ахиран қавонине ба иҷро гузоштааст, ки дар натиҷаи он шумори зиёде аз муҳоҷирон бавижа тоҷикҳо аз ин кишвар ихроҷ шудаанд. омори ҳафтаи гузашта нишон медиҳад, ки таи муддатзамони кӯтоҳе, беш аз 350 ҳазор муҳоҷири тоҷик аз Русия ба Тоҷикистон бозгардонда шуданд. Таи солҳои ахир мавзуи вобастагии Тоҷикистон ба Русия ба омили муҳиме ба манзури фишор бар давлати Душанбе табдил шудааст. Дар ҳақиқат, мавзуи муҳоҷирон, ин имконро барои Русия фароҳам кардааст, то аз ин мавзуъ баунвони як барги баранда барои таҳаққуқи аҳдоф, хостаҳо ва манофеи дарозмуддати худ дар Тоҷикистон истифода кунад.

Дар ин шароит, мақомҳои давлати Душанбе ба манзури раҳоӣ аз вазъияти ҷорӣ ва фишорҳои Русия, дарсадади касби имтиёзҳое аз Маскав ба манзури пайвастан ба Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё ҳастанд. Ахиран раиси Кумитаи Думаи давлатии Русия эълом кард, бо пайвастани Тоҷикистон ба Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё иқтисоди ин кишвар тавсеа хоҳад ёфт ва мушкилоти муҳоҷирати шаҳрвандони тоҷик ба Русия бартараф хоҳад шуд. Аммо ба назар мерасад, давлати Тоҷикистон дар паи дарёфти имтиёзҳои бештаре аз Русия аст.

Шакке нест, ки Русия башиддат ба фаъолсозии Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё ниёзманд аст. Давлатмардони Маскав баманзури муқобила бо тарҳҳои султагаронаи Амрико дар блоки шарқи собиқ шомили Аврупои марказӣ ва шарқӣ ва манотиқи Осиёи Марказӣ ва Қафқоз талош мекунанд, бо таъсиси иттиҳодияҳои бузурги минтақаӣ назири Авруосиё ва Иттиҳоди кишварҳои мустақили муштаракулманофеи Ҳамсуд, сиёсатҳои султагаронаи иқтисодӣ ва низомии Амрикоро хунсо кунанд. Дар ин шароит, мақомҳои давлати душанбе аз сари ночорӣ дар паи дарёфти имтиёз аз Русия ҳастанд.  Ба ҳамин далел, ба назар мерасад, ки тарҳи мавзуоте назири зиёнҳои Тоҷикистон дар сурати узвият дар Иттиҳоди Авруосиё метавонад баҳонаи аввалияи давлати Душанбе бошад. Ин воқеиятро набояд нодида гирифт, ки иқтисоди шиканандаи Тоҷикистон бо ҳар талангаре дучори навасону буҳрон мешавад. Ба унвони мисол, лағви тарифаҳои гумрукӣ дар сурати пайвастан ба Авруосиё метавонад ба иқтисоди Тоҷикистон фишорҳои ҷиддӣ ворид кунад. Аммо давлати Душанбе дар шароите нест, ки бо хостаҳои Русия муқобила кунад ва ба ин кишвар посухи манфӣ бидиҳад.

Коршиносон мегӯянд, барои давлати Душанбе дарёфти имтиёзҳои оянданигарона аз Русия, беҳтарин сиёсати ҳокимияти Тоҷикистон аст.