Гурӯҳе аз Маскав барои ҷалби коргарони сохтмон ба Тоҷикистон меоянд
Қарор аст ин ҳафта теъдоде аз намояндагони як ширкати сохтмонсозии шаҳри Маскав барои ҷалби коргарони тоҷик ба Душанбе ва Хуҷанд сафар кунанд.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Спутник, мудири идораи Хадамоти муҳоҷирати вилояти Суғд Зайнура Шарифӣ гуфтааст, ки намояндагони ширкати ТехСтрой акнун дар Узбекистон ҳузур доранд ва охирҳои ин ҳафта барои интихоби коргарони тоҷик ба Хуҷанд ва сипас ба Душанбе сафар хоҳанд кард.
Вай таъкид кардааст, ки онон барои ҷазби 500 коргари тоҷик барои кор дар бахши сохтмонсозии ширкати русии ёдшуда аз тариқи озмун иқдом мекунанд.
Ин ширкати русӣ ҳазинаи интиқоли коргарони муҳоҷири тоҷик бо ҳавопаймо, таҳияи хобгоҳ, либоси кору се ваъдаи ғизоии ононро таъмин хоҳад кард.
Коргарони пазируфташуда пас аз интиқол ёфтан ба Русия ду ҳафта карантин мешаванд, ки ҳазинаи он низ бо ширкати русӣ хоҳад буд.
Ин дувумин сафари намояндагони ширкатҳои сохтмонсозии Русия ба Тоҷикистон барои интихоби коргарон мебошад.
Пештар низ бар асоси озмуни теъдоде аз тоҷикҳо интихоб ва ба вилояти Иркутск мунтақил шуданд.
Дар соли 2020 ба далели густариши вируси корона ҳазорон коргари тоҷик, ки умдатан дар бахши сохтусоз дар Русия фаъолият мекарданд шуғли худро аз даст доданд.
Дар Русия акнун ба гуфтаи мақомот камбуди як миллиону 500 ҳазор коргари муҳоҷир дар бахши сохтусоз эҳсос мешавад, ки ҳукумати ин кишвар дастури осонсозии ҷазби ин афрод, аз ҷумла тоҷикҳоро содир кард.
Бештар бихонед: