Пешсабти 9 асари фарҳангӣ ва таърихии Тоҷикистон дар феҳристи ҷаҳонии ЮНЕСКО
Вазорати фарҳанги Тоҷикистон аз пешсабти 9 номгӯи осори фарҳангӣ ва таърихии кишвар дар феҳристи ҷаҳонии Созмони ЮНЕСКО хабар дод.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Ховар, ин осор ба унвони мероси фарҳангӣ ва торихии долони мавсум ба Зарафшон ва Қайроқум дар созмони омӯзишӣ, илмӣ ва фарҳангии Милали муттаҳид, ЮНЕСКО, аз нигоҳи фаннӣ ва коршиносӣ таъйид ва пешсабти он анҷом шудааст.
Ин долон дар яке аз масирҳои роҳи торихии абрешим воқеъ шудааст. Пан
9 асаре, ки дар Созмони Юнеско пешсабт шудаанд Паҷакенти қадим, шаҳраки Санҷаршоҳ, шаҳраки Ҳисорак, гарданаи Ҳисор, Қалъаи Муғ, Қум, Тали Хумтуда, шабакаи обёрии Туқсанкориз ва оромгоҳи Хоҷа Муҳаммад Башоро ҳастанд.
Ба гуфтаи мақомоти Вазорати фарҳанги Тоҷикистон теъдоде аз ӣн осори бостониро олимони тоҷик ва хориҷӣ дар солҳои дуру наздик кашф кардаанд, ки акнун бо талоши мақомот дар феҳристи ҷаҳонии Созмони ЮНЕСКО қарор мегирад.
Гуфта мешавад, ки қудумати бархе аз ин осор ба 3 ҳазор сол қабл ва даврони Ҳахоманишӣ бармегардад, ки дар солҳои ахир бо кумаки Созмони ЮНЕСКО бозсозӣ шудааст
Бештар бихонед: