Ду корманд маоши коргарони нерӯгоҳи «Норак» -ро ғайримақсаднок истифода карданд
Агентии давлатии мубориза бо фасоди молии Тоҷикистон эълом кард: Алайҳи ду корманди бахши молии нерӯгоҳи барқи обии «Норак» ба иттиҳоми ихтилоси маоши коргарони ин марказ ба арзиши 2 миллиону 383 ҳазор сомонӣ парвандаи қазоӣ ташкил шудааст.
Ба гузориши сомонаи Агентии давлатии мубориза бо фасоди молии Тоҷикистон, Олга Шишпаренко ва Лутфуллоҳ Раҳматуллоев, ду корманди бахши молии ин нерӯгоҳ бо истифода аз 38 корти бонкии коргарони ин нерӯгоҳ 2 миллиону 383 ҳазор сомонӣ маошу дастмузди ин афродро дуздидаанд.
Гуфта мешавад, ки ин ду нафар як миллиону 818 ҳазор сомонӣ аз манобеи молии дуздидашударо ба ин нерӯгоҳ бозгардондаанд.
Бар асоси қонуни ҷиноии Тоҷикистон, эҳтимол дорад ин ду корманд ба 15 соли зиндон ва мамнӯияти 5 сола аз фаъолият дар симатҳои идорӣ маҳкум шаванд.
Бештар бихонед:
- Боздошти мудири яке аз ширкатҳои муҷрии нерӯгоҳи Роғун барои сӯиистифодаи молӣ
- Тасвиби тавофуқномаи марҳалаи дувуми бозсозии нерӯгоҳи обии Норак дар маҷлиси Тоҷикистон