Апрел 14, 2021 19:49 Asia/Dushanbe
  • 18 ширкат солона 80 дарсади бензин, дизел ва гази мойеъи мавриди ниёзи Тоҷикистонро ворид мекунанд
    18 ширкат солона 80 дарсади бензин, дизел ва гази мойеъи мавриди ниёзи Тоҷикистонро ворид мекунанд

Аъзои Анҷумани воридкунандагони сӯхт аз раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон дархост кардаанд, ки барои арзон шудани қимати сӯхт дар ин кишвар ба онҳо имтиёзоте яксон бо Агентии давлатии захираҳо ва таъминоти ин кишвар эъто кунад.

Ба гузориши сомонаи ТоҷВик, дар ин дархост аз Эмомалӣ Раҳмон хоста шудааст, ки барои ширкатҳои воридкунандаи сӯхт ба Тоҷикистон ҳамон имтиёзотеро эъто кунад, ки Ожонси давлатии захираҳо ва таъминот аз онҳо бархӯрдор аст.

Дар дархости Анҷумани воридкунандагони сӯхт омадааст, ки 18 ширкати воридкунандаи сӯхт ба Тоҷикистон солона 80 дарсади бензин, дизел ва гази мойеъи мавриди ниёзи ин кишварро ворид ва як миллиард сомонӣ молиёт пардохт мекунанд, аммо Агентии давлатии захираҳо ва таъминот, ки дар маҷмӯъ 3 дарсад аз сӯхти мавриди ниёзро вориди Тоҷикистон мекунад, аз имтиёзоти молиётӣ ва гумрукии зиёде бархӯрдор аст.

Аъзои ин анҷуман таъкид кардаанд, ки бо тавваҷуҳ ба гарон шудани қимати сӯхт дар Тоҷикистон, ки акнун ҳар литр аз бензин ва дизел аз 7 сомониву 40 дирами қаблӣ ба 8 сомониву 50 то 70 дирам расидааст, танҳо роҳи коҳиши қиматҳо эътои тасҳилоту тахфифҳои андозӣ ва гумрукӣ аст.

Тоҷикистон дар соли 2020 аз Русия ва Қазоқистон 430 ҳазор тон гази мойеъ, 180 ҳазор тон бензин ва беш аз 250 ҳазор тон дизел ворид кардааст.

Ин дар ҳоле аст, ки мақомоти Тоҷикистон аз барномарезӣ барои воридоти сӯхт ба арзиши 550 миллион доллар дар соли 2021 хабар додаанд.

 

Бештар бихонед:

 

Барчасп