Қарзи корхонаҳои Тоҷикистон аз тавлиди нохолиси миллӣ зиёд буд
-
Қарзи корхонаҳои Тоҷикистон дар аввали соли равон ба 7,8 миллиард доллар расид
Агенти давлатии омори Тоҷикистон эълом кард, ки қарзи корхонаҳо ва ширкатҳои тавлидии ин кишвар дар оғози соли 2021 ба 7 миллиарду 800 миллион доллар ва тавлиди нохолиси милӣ ба 7 миллиарду 300 миллион доллар расидааст.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Тоҷ Вик, эъломи ин шохис дар оғози соли 2021 нишон медиҳад, ки дар муқоиса бо соли 2020 қарзи ин марокиз бо афзоиши 33 дарсадӣ 22 миллиард сомонӣ (наздик ба 2 миллиард доллар ) бештар шудааст.
Дар ин миён ширкати давлатии Барқи тоҷик, корхонаи олуминиюм, ширкати давлатии роҳи оҳан, фурудгоҳи байналмилалии Душанбе, ширкати ҳавопаймойии Тоҷик Эйр, аз ҷумлаи қарздорони бузурги молӣ ҳастанд.
Аз сӯи дигар раиси Комитети давлатии молиёти Тоҷикистон Нусратуллоҳ Давлатзода дар моҳи феврали имсол аз 7 корхона ва ширкат ба унвони бузургтарин қарздорони молиётӣ ёд кард.
Феҳристи мавриди назари Нусратуллоҳи Давлатзода, ширкати мухобиротии телеком бо 86 миллион сомонӣ, нерӯгоҳи барқи обии Роғун бо 67 миллион сомонӣ, ширкати олуминиюм бо 38 миллион сомонӣ, нерӯгоҳи барқи обии Сангтуда 1 бо 36 миллион сомонӣ, фурудгоҳи байналмилалии Душанбе бо 31 миллион сомонӣ, ширкати Талко ресурс бо 17 миллион сомонӣ ва Олуминиюм сохтмон бо 16 миллион сомониро шомил мешавад.
Гуфта мешавад, ки бештари ин марокиз мутаъаллиқ ба бахши давлатӣ аст .
Бештар бихонед: