Фурсати сабти номи шаҳрвандони ғайри муҷози Тоҷикистон дар Русия тамдид шуд
Русия муҳлати шаҳрвандони ғайри муҷози Тоҷикистонро барои расмӣ кардани ҳузури худ дар ин кишвар то 30 июн тамдид кард.
Ба гузориши сомонаи Пресса Тҷ, пеш аз ин шаҳрвандони ғайримуҷози тоҷики ҳозир дар Русия танҳо то 15 июн фурсат доштанд то ҳузури худро дар ин кишвар расмӣ кунанд.
Мақомоти рус ин тасмимро пас аз нишасти мақомоти Вазорати кор ва муҳоҷирати Тоҷикистон ва вазоратҳои умури хориҷа ва кишвари Русия дар Душанбе эълом карданд.
Валентина Казакова, мудири Идораи умури муҳоҷирон дар вазорати кишвари Русия дар ин бора гуфт, афзун бар тамдиди муҳлати муҳоҷирони ғайримуҷози тоҷик барои сабти расмии ҳузури худ дар Русия, мароҳили сабти номи коргарони муҳоҷир, аз ҷумла тоҷикҳо низ осон ва электронӣ шудааст.
Чанд рӯзи пеш Александр Горовой, муовини вазири кишвари Русия дар нишасти Маҷмаи байнипорлумонии кишварҳои ИДМ гуфт, ки дар ин кишвар наздик ба як миллион шаҳрванди хориҷии ғайримуҷоз зиндагӣ мекунанд, ки 247 ҳазор нафари онон тоҷикистонӣ ҳастанд.
Вай таъкид карда буд, ки ин афрод бояд бо ҳамкории мақомоти муҳоҷирати Тоҷикистон то 15 июн иқомати худ дар Русияро расмӣ кунанд, дар ғайри ӣин сурат аз ин кишвар ихроҷ мешаванд ва марзҳои Русия ба рӯи онҳо баста хоҳад шуд.
Бештар бихонед:
- Тоҷикистон омори Русияро дар бораи муҳоҷирони тоҷики ғайримуҷози саҳеҳ намедонад
- Дархости вазорати кор ва муҳоҷирати Тоҷикистон аз тоҷикҳои муқими Русия
- Ҳушдори Русия дар бораи эҳтимоли ихроҷи 247 ҳазор шаҳрванди ғайри муҷози Тоҷикистон