Афзоиши парвозҳо миёни Тоҷикистон ва Узбекистон
(last modified Wed, 21 Apr 2021 14:05:29 GMT )
Апрел 21, 2021 19:05 Asia/Dushanbe
  • Ҳар ҳафта ду парвоз миёни Душанбе ва Тошканд дар рӯзҳои душанбе ва ҷумъа анҷом хоҳад шуд
    Ҳар ҳафта ду парвоз миёни Душанбе ва Тошканд дар рӯзҳои душанбе ва ҷумъа анҷом хоҳад шуд

Ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр”-и Тоҷикистон аз афзоиши парвозҳо ба мақсади Тошканд, пойтахти Узбекистон хабар дод.

Ба гузориши сомонаи Спутник, аз ин пас ҳар ҳафта ду парвоз миёни Душанбе ва Тошканд дар рӯзҳои душанбе ва ҷумъа анҷом хоҳад шуд.

Шарти аслӣ барои мусофирони ин масир доштани гувоҳиномаи озмоиши манфии Ковид 19 аст, ки бояд 72 соат қабл аз рӯзи парвоз ба забони русӣ ё англисӣ содир шуда бошад.

Ҳамчунин доштани дасткаш ва задани ниқоб барои ҳузур дар ин парвозҳо илзомӣ аст.

Аз сӯи дигар барои шаҳрвандони кишварҳои Русия, Амрико, Туркия ва Қазоқистон, ки қасд доранд аз Тошканд ба Душанбе сафар кунанд, доштани муҷаввизи парвоз илзомӣ нест, вале шаҳрвандони соири кишварҳо бояд муҷаввизи сафорати Тоҷикистон дар Тошкандро низ дарёфт кунанд.

 

Бештар бихонед: