Апрел 22, 2021 17:50 Asia/Dushanbe
  • Дар ин мулоқот масоили марбут ба тавсеъаи равобити дуҷонибаи Тоҷикистону Чин баҳсу баррасӣ шуд .
    Дар ин мулоқот масоили марбут ба тавсеъаи равобити дуҷонибаи Тоҷикистону Чин баҳсу баррасӣ шуд .

Муовини вазири умӯри хориҷаи Тоҷикистон ва сафири Чин дар ин кишвар бо якдигар дидору гуфтугӯ карданд .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Хусрав Нозирӣ-муовини вазири умӯри хориҷаи Тоҷикистон ва Лу Беним-сафири Чин дар ин кишвар дидору гуфтугӯ карданд .

  Дар ин мулоқот масоили марбут ба тавсеъаи равобити дуҷонибаи Тоҷикистону Чин баҳсу баррасӣ шуд .

    Дар ин дидор ҳамчунин дар мавриди раванди омодагии нишасти ояндаи Созмони ҳамкории Шанхай, ки поизи имсол ба мизбонии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе баргузор мешавад, табодули назар шуд .

    Нишасти Созмони ҳамкории Шанхай 16 - 17 сентябри соли 2021 дар шаҳри Душанбе, ҳамзамон бо бистумин солгарди таъсиси ин созмон, баргузор мешавад .

    Дар ин нишаст сарони кишварҳои узв аз ҷумла Чин, Русия, Қазоқистон, Тоҷикистон, Қирғизистон, Узбекистон,Ҳиндустон ва Покистон ширкат мекунанд .

    Афғонистон, Беларус, Эрон ва Муғулистон кишварҳои нозир дар ин созмон ва кишварҳои Озарбойҷон, Арманистон, Камбоҷа, Непал, Туркия ва Шри-Ланка кишварҳои шарики ин созмон ҳастанд .

    

  Бештар бихонед :

 

Барчасп