9 нафар ба иттиҳоми қочоқи тилло ва пул ба зиндон маҳкум шудан
Додгоҳи шаҳри Душанбе 9 нафарро ба иттиҳоми қочоқи 90 килограм тилло ва 15 миллиондоллар пули нақд аз 2 то 5,5 сол ба зиндон маҳкӯм кард.
Ба гузориши сомонаи Тоҷвик, дар миёни онони 3 корманди гумрук ва як нерӯи полиси Тоҷикистон низ ҳастанд, ки барои интиқоли ин миқдор тилло ва доллар аз Афғонистон ва талош ба манзури ирсоли ин маҳмӯла ба Дубай муттаҳам шинохта шудаанд.
Қаблан манобеи Достонии кули Тоҷикистон аз қочоқи ҳазору 200 килограм тилло ва 112 миллиондоллар пули нақд аз 4 сентябр то 14 ноябри соли 2020 ба Дубай хабар додаанд. Ба гуфтаи ин манобе пас аз боздошти 9 нафар аз ҷумлаи ду шаҳрванди Афғонистон ба иттиҳоми талош барои интиқоли 90 килограм тилло ва 15 миллиондоллар аз фурӯдгоҳи Душанбе ба Дубай ин афрод ба қочоқи ҳазору 200 килограм тилло ва 12 миллиондоллар дар ин давраи семоҳа низ эътироф кардаанд. Ин гурӯҳ рўзи 14 ноябри соли 2020 дар фуркдгоҳи Душанбе ҳангоми интиқоли қочоқи 90 килограм тилло ва 15 миллион ба Дубай боздошт шуданд.
Аммо моликони ин миқдор тилло ва пул, ки шаҳрвандони Афғонистон мебошанд, ношинохтаи боқӣ мемонанд.
БЕШТАР БИХОНЕД:
- Эътирофоти ҷадиди қочоқчиёни тилло ва доллар аз Тоҷикистон
- Тилло ва долларҳои мусодирашуда дар Тоҷикистон ба кӣ тааллуқ доранд?
- Боздошти раиси полиси Ҷайҳун ба иттиҳоми ҳамкорӣ бо қочоқчиёни тилло ва доллар