Содироти барқ ва пахта аз Тоҷикистон афзоиш ёфт
Созмони давлаитии омори Тоҷикистон аз афзоиши содироти пахта ва барқ дар се моҳи нахусти имсол хабар дод.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Авесто, содироти барқи Тоҷикистон дар се моҳи нахусти имсол 9 миллиону 700 ҳазор доллар арзоварӣ доштааст, ки дар муқоиса бо давраи мушобеҳи соли пеш наздик ба 3 миллион доллар афзоиш ёфтааст.
Ҳамчунин дар ин муддат аз Тоҷикистон 52 миллиону 600 ҳазор доллар пахта содир шудааст, ки дар муқоиса бо давраи мушобеҳи соли 2020 наздик ба 16 миллион доллар бештар аст.
Бо ин ҳол коршиносон аз ин ки 75 дарсади пахтаи Тоҷикистон ба шакли хом ба хориҷ содир мешавад ибрози нигаронӣ мекунанд, зеро ин кишвар либоси тавлидшуда аз пахтаи содиротии худро се баробар гаронтар ворид мекунад.
Бо вуҷуди исрори мақомоти расмии Тоҷикистон дар бораи зарурати коркарди пахта дар дохили кишвар ва коҳиши фурӯши ашёи хом дар 20 соли охир, ҳеҷ тағире ба назар нарасидааст.
Бештар бихонед: