Апрел 28, 2021 11:35 Asia/Dushanbe
  • 78 маҳсии қочоқӣ аз як тоҷик , ки бо парвози Хуҷанд ба Сургути Русия рафта буд, кашф шуд
    78 маҳсии қочоқӣ аз як тоҷик , ки бо парвози Хуҷанд ба Сургути Русия рафта буд, кашф шуд

Кормандони гумрук дар шаҳри Сургути вилояти Тюмени Русия аз як мусофири ҳавопаймое, ки аз Хуҷанд ба минтақаи Сибир парвоз мекарданд, 78 ҷуфт маҳсӣ мусодира шуд.

 Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Порсо,  Игор  Галузин раиси идораи гумруки фурудгоҳи Сургут гуфтааст, ки ин маҳсулот бояд ба унвони колоии тиҷорӣ расман қабл аз вуруд сабт мешуд, аммо молики он талош кардааст бидуни пардохти аворизи гумрукӣ ва ба таври қочоқ  ин маҳсиҳоро мунтақил кунад. 

Бар асоси ин гузориш, нуктаи қобили мулоҳиза ин аст, ки маҳсиҳои мусодирашуда дорои нишони ширкати машҳури Reebok мебошанд ва гумон намеравад, ки ширкати ёдшуда  аслан аз чунин колое итилоъ дошта бошад. 

Гуфта мешавад, ки алайҳи ин табааи Тоҷикистон ба иттиҳоми талош барои ворид кардани маҳсулот бидуни пардохти аворизи гумрукӣ ва гузошти нишони тақаллубии ширкати машҳури ҷаҳонӣ парвандаи ҷиноӣ ташкил шудааст.

 Бар асоси қавонини ҷиноии Русияи ин шаҳрванди Тоҷикистон ба пардохти ҷаримаи молӣ ва мусодираи колоҳояш  маҳкум хоҳад шуд.

 

Бештар бихонед:

Барчасп