Ҳушдори сафорати Тоҷикистон дар Русия ба коргарони муҳоҷири тоҷик
(last modified Thu, 29 Apr 2021 06:00:47 GMT )
Апрел 29, 2021 11:00 Asia/Dushanbe
  • Сафорати Тоҷикистон дар Русия ба муҳоҷирони ихроҷшуда тавсия медиҳад, ки то поёни мӯҳлат дар Тоҷикистон бимонанд
    Сафорати Тоҷикистон дар Русия ба муҳоҷирони ихроҷшуда тавсия медиҳад, ки то поёни мӯҳлат дар Тоҷикистон бимонанд

Сафорати Тоҷикистон дар Русия бо интишори баёнияе ба коргарони муҳоҷири тоҷик ҳушдор дод, ки ба чанд мавзӯъ таваҷҷӯҳ кунанд то гирифтори дарди сар нашаванд.

 Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Спутник, ин баёния таъкид мекунад, ки он теъдод аз коргарони муҳоҷири тоҷик, ки қаблан аз Русия ихроҷ шуда ва акнун бо ном ва номи хонаводагии ҷадид  вориди ин кишвар мешаванд, шиносоӣ, ҷарима ва дубора  ихроҷ хоҳанд шуд. 

Сафорати Тоҷикистон ба муҳоҷирони ихроҷшуда тавсия кардааст, ки то поёни мӯҳлати мамнуъияти вуруди хеш ба Русия дар Тоҷикистон бимонанд ва аз гурӯҳҳои мафияӣ, ки ба баҳонаи расмӣ кардани ҳузури коргарони муҳоҷир аз онони маблағи калон талаб мекунанд кумак нагиранд, зеро асноду мадорики ин гурӯҳҳо тақаллубӣ мебошад. 

Раванди расмӣ кардани ҳузури коргарони муҳоҷири ғайримуҷози тоҷик, ки то поёни моҳи июни имсол тамдид шудааст танҳо дар идораҳои муҳоҷирати Русия ва ба шакли ҳузурӣ имконпазир аст. 

Ҳафтаи гузашта муовини вазири корҳои дохилии Русия Александр Гаравай ҳушдор дод, ки агар 247 ҳазор тоҷики ғайриқонунии муқими ин кишвар,  агар онҳо истиқомати худро то 15 июни соли 2021 ба расмият дароварда натавонанд, ихроҷ хоҳанд шуд.

Аммо Валентина Казакова муовини дигари вазири корҳои дохилаи Русия ва масъули хадамоти муҳоҷирати ин кишвар дар сафар ба Душанбе эълом кард, ки ин муҳлат то ахири июни имсол тамдид шудааст.

 

Бештар бихонед: