Таъйиди ихроҷи 42 донишҷӯи тоҷик аз Қирғизистон
Раиси ноҳияи Лахш ихроҷи 42 донишҷӯи тоҷик аз Қирғизистонро таъйид кард.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Тоҷ Вик, Файзуллоҳи Баротзода гуфтааст, ки аксари ин донишҷӯён қирғизҳои сокини ноҳияи Лахш мебошанд, ки панҷ нафар аз онон тобеъияти дугонаи Тоҷикистон ва Қирғизистонро доранд.
Аммо мақомоти интизомии Қирғизистон мегӯянд, ки далели ба Тоҷикистон фиристодани ин донишҷӯён густариши вируси корона мебошад ва бо беҳбуди авзоъи ин афрод метавонанд барои идомаи таҳсил ба донишгоҳҳо баргарданд.
Ба гуфтаи раиси ноҳияи Лахш Баротзода дар ин ноҳия 57 ҳазор нафар зиндагӣ мекунанд, ки беш аз 30 ҳазор тан аз онон қирғиз мебошанд.
Миёни Тоҷикистон ва Қирғизистон созшномаи тобеиятҳои дугона вуҷуд надорад аз ин рӯ тайи як соли ахир 100 нафар аз сокинони ин ноҳия аз тобеияти қирғизии хеш даст кашида ва 100 тан низ тобеияти тоҷикистонии худро лағв кардаанд.
Ба гуфтаи шоҳидон пас аз даргирии ахир дар марзи Тоҷикистон ва Қирғизистон дар вилоятҳои Суғд ва Ботканд, дар ноҳияи Лахш ба қирғизҳои сокини ин минтақа пешниҳод шудааст, ки аз тобеъияти қирғизии хеш даст кашанд.
Бештар бихонед: