Вайронии комили 36 хона дар ноҳияи Вахш бар асари сел
Мақомоти вилояти Хатлон аз вайронии комили 36 хона дар дар се деҳаи ноҳияи Вахш бар асари сел хабар додаанд.
Ба нақл аз сомонаи Тоҷвик, 21 хона дар деҳаи Иттифоқ, 10 хона дар деҳаи Машъал ва 5 хона низ дар деҳаи Ваҳдати вилояти Хатлон бар асари сел шадиди ахир ба таври комил вайрон шудааст.
Комиссияи вижаи давлатӣ ба раёсати Давлатшоҳ Гулмуҳаммадзода, муовини сарвазири Тоҷикистон эълом кардааст, ки барои бароварди хисороти ин ҳодиса ба 10 рӯз замон ниёз дорад.
Акнун бо кумаки воҳидҳои Кумитаи ҳолатҳои фавқулъодаи Тоҷикистон, сокинони ин хонаҳо ба маконе амн мунтақил шуда ва дар хаймаҳо ҷо ёфтаанд.
Барои онон ҳамарӯза се ваъда ғизои гарм низ пухт мешавад.
Теъдоде аз намояндагони созмонҳои байналмилалӣ низ аз маҳалли ҳодиса боздид карда ва ба осебдидагон ваъдаи кумак додаанд.
Мақомот мегӯянд, ки сели ахир бахше аз канали обёрии Вахшро, ки оби мавриди ниёзи 42 ҳазор гектар заминҳои кишоварзии минтақаро таъмин мекард, вайрон кардааст.
Бештар бихонед: