Июн 15, 2021 12:39 Asia/Dushanbe
  • Ҳукумати Тоҷикистон барои сохти хонаҳои нав дар деҳаи Ифтихор ба ҳар хонаводаи осебдида аз сел 100 метри  мураббаъ замин кумак кард
    Ҳукумати Тоҷикистон барои сохти хонаҳои нав дар деҳаи Ифтихор ба ҳар хонаводаи осебдида аз сел 100 метри мураббаъ замин кумак кард

Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон аз маҳалли сохти хонаҳои нав барои афроди аз сел осебдида дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ дар вилояти Хатлон боздид кард.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақли аз сомонаи Ховар, Эмомалӣ Раҳмон дар ин сафар ба теъдоде аз сокинони осебдида аз сел дар деҳаи Ифтихори ин минтақа, калиди хонаҳои навро таҳвил дод.

 

Масъулини ҳукумат мегӯянд, ки онҳо ба ҳар як оилаи зарардида дар бунёди 20 хонаи нав дар деҳа 100 метри мураббаъ замин, 10 тонна семент, 10 метри мукааб тахта, 2 тонна чӯбҳои мудаввар ва 100 тахта кумак кардаанд.

Инчунин барои ҳар хонаводаи осебдида яхдон,  телевизион, мошини либосшуӣ, мебел ва қолин ихтисос дода шудааст.

Эмомалӣ Раҳмон  ҳангоми боздид аз маҳалли сохти хонаҳои ҷадид барои осебдидагон аз сели харобиовар, рӯзҳои 6 ва 7 майи соли ҷорӣ дар деҳаи Ифтихор дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ бо раванди сохти хутути обрасонӣ барқ  ва роҳҳои иртиботӣ ошно шуд ва ба масъулон дастур дод, ки ҳарчӣ зудтар сохту таҷҳизи хонаҳои ҷадид барои ин афродро ба поён расонанд.

 Қаблан Комитети ҳолатҳои фавқулъодаи Тоҷикистон аз тахриби 20 хона дар деҳаи Ифтихори ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ дар вилояти Хатлон бар асари борони селосо ва рониши замин хабар дода буд, ки 167 нафар аз сокинони ин хонаҳо ба маҳалли амн  кӯчонда ва дар чодар, паногоҳҳои муваққат дода шудаанду ғизои гарми онҳо низ таъмин мешавад.

 

Бештар бихонед:

Барчасп