104 миллион доллар, муомилоти тиҷории Тоҷикистон ва Узбакистон дар се моҳи нахусти 2021
(last modified 2021-05-15T16:32:55+00:00 )
Май 15, 2021 21:32 Asia/Dushanbe
  • Дар се моҳи нахусти 2021 Узбакистон ба яке аз шарикони муҳими тиҷории Тоҷикистон табдил шудааст
    Дар се моҳи нахусти 2021 Узбакистон ба яке аз шарикони муҳими тиҷории Тоҷикистон табдил шудааст

Дар семоҳаи аввали соли 2021 гардиши савдо байни Тоҷикистон ва Узбакистон 104 млн доллари ИМА-ро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2020-ум 23,1 миллион доллари ИМА афзоиш ёфтааст.

Ба нақл аз Ховар, ин нукта дирӯз зимни мулоқоти Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон Завқӣ Завқизода бо вазири сармоягузорӣ ва савдои хориҷии Узбакистон Сардор Умурзақов, ки дар шаҳри Тошканд дар ҳошияи ҷаласаи ҳаштуми Комиссияи байниҳукуматӣ дар бораи ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ баргузор гардид, гуфта шуд.

Ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки дар самти лоиҳаҳои афзалиятноки рушди ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ, масъалаҳои таъсиси корхонаҳои муштарак дар ҳудуди минтақаҳои озоди иқтисодии Тоҷикистон ва мубодилаи таҷриба байни вазоратҳои ҳарду кишвар дар самтҳои дурнамосозии макроиқтисодӣ, тиҷорати электронӣ ва содагардонии расмиёти савдо ҳамкорӣ намоянд.

Мақомоти ду кишвар эълом кардаанд, ки даҳум то давоздаҳуми июн дар сафари Шавкат Мирзиёев ба Тоҷикистон 30 созишномаи ҳамкории миёни ду кишвар дар бахшҳои мухталиф имзо хоҳад шуд.

Бештар бихонед:

 

Барчасп