Май 17, 2021 11:09 Asia/Dushanbe
  • Ширкатҳои нақлиётӣ мегӯянд, ҳар рӯз манъи мошинҳои боркаш дар марз ҳазинаи изофӣ барои ширкатҳо ва ронандагон хоҳад дошт
    Ширкатҳои нақлиётӣ мегӯянд, ҳар рӯз манъи мошинҳои боркаш дар марз ҳазинаи изофӣ барои ширкатҳо ва ронандагон хоҳад дошт

Ширкатҳои нақлиётии Тоҷикистон аз манъи 57 мошини боркаши ин кишвар дар дохили қаламрави Қирғизистон хабар доданд.

Ба нақл аз сомонаи ахбори Осиёи Марказӣ, қаблан Дамира Юсуфова, сухангуи раёсати вилояти Ботканди Қирғизистон низ аз манъи мошинҳои боркаши ин кишвар дар дохили Тоҷикистон хабар дода буд, аммо мақомоти Душанбе ин иддаоро рад мекунанд.

Аммо мудирони ширкатҳои нақлиётии Тоҷикистон муътақиданд, ки ин маҳдудият пас аз даргирии хунини марзии рӯзҳои 28 ва 29 май имсол миёни марзбонону сокинони вилоятҳои Суғд ва Ботканд эҷод шудааст.

Обидҷон Мирзобеков, мудири ширкати нақлиётии Абумуслим мегӯяд: “Мо умдатан маҳсулоти тиҷории бозаргонони тоҷикро аз Русия ба Тоҷикистон мунтақил мекунем. Ронандагони мошинҳои боркаш ҳамагӣ атбои Қирғизистон мебошанд ва қарор буд, ин молҳо рӯзи 29 апрели гузашта вориди вилояти Суғд шавад, аммо сокинони вилояти Ботканд бо бастани роҳ намегузоранд ин мошинҳои боркаш вориди Тоҷикистон шаванд. Ҳоли онки ҳар рӯз манъи мошинҳои боркаш ҳазинаи изофӣ барои ширкат ва ронандагон дар пай хоҳад дошт”.  

Аз сӯи дигар, мақомоти Вазорати нақлиёти Тоҷикистон гуфтаанд, ки пас аз ҳаводиси рӯзҳои 28 ва 29 апрел дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон, масъулони гумруки Қирғизистон ба таври якҷониба ҳамаи 5 гузаргоҳи марзиро бастаанд.

Дар ҳоле, ки то ин моҷаро аз оғози имсол аз Қирғизистон ба Тоҷикистон 3 ҳазору 610 мошини боркаш ворид ва 3 ҳазору 614 мошин хориҷ шудааст.

Бештар бихонед:

 

Барчасп