Май 26, 2021 11:57 Asia/Dushanbe
  • Тоҷикон мегӯянд, ки гӯсфанде, ки қирғизҳо номи онро Аршан ниҳодаанд дарвоқеъ ҳамон гӯсфанди ҳисорӣ аст
    Тоҷикон мегӯянд, ки гӯсфанде, ки қирғизҳо номи онро Аршан ниҳодаанд дарвоқеъ ҳамон гӯсфанди ҳисорӣ аст

Дар миёнаи ихтилофоти марзи Тоҷикистон ва Қирғизистон акнун мавзӯи ҷадиде мӯҷиби муҷодилаи олимони ду кишвар шудааст.

 Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Азия плюс,  олимони соҳаи чорводорӣ дар Тоҷикистон ба даъвои ҷониби Қирғизистон оид ба зоти нави гӯсфандон бо номи Арашан эътироз карданд.

Тоҷикон ба ин боваранд, ки гӯсфандони мавриди иддаои  қирғизҳо як намуди гӯсфандонанд, ки соли 1977 барои парвариш аз Тоҷикистон ба Қирғизистон интиқол дода шудаанд.

Гӯсфанди ҳисорӣ сирфан барои гӯшт парвариш дода мешавад. 

Вазни ин навъи гӯсфанд дар яксолагӣ ба 80 килограм ва дар сесолагӣ ба 200 килограм мерасад ва қади он низ як метр мешавад.

Ин гӯсфанд дар соли 1989 дар Комитеи давлатии ихтирооти Шуравии собиқ ба номи Тоҷикистон расман сабт шуда ва бар асоси тавофуқи кишварҳои узви Ҷомеаи Ҳамсуд мебоист Қирғизистон тарафи Тоҷикистонро аз беҳбуди навъи ин чорводорӣ бохабар мекард. 

Дар Тоҷикистони чандини пажӯҳишгоҳи беҳбуди навъи гӯсфанди ҳисорӣ фаъолият мекунад ва гуфта мешавад, ки то ба ҳол дар ин мавзӯ  15 нафар аз рисолаҳои докторӣ дифо кардаанд. 

Донишмандони тоҷик дар шароити шиддат гирифтани ихтилофоти марзии Тоҷикистон ва Қирғизистон аз ҳамтоёни қирғизи хеш дархост кардаанд, ки асли тоҷикӣ будани гӯсфанди ҳисорӣ ва бар асоси он беҳбуди навъи қирғизиаш мавсӯм ба "Аршан"-ро расман эътироф кунанд. 

 
  Бештар бихонед:

Барчасп