Сохтмони 128 хонаи нав барои зарардидагони обхезӣ
(last modified Wed, 26 May 2021 07:25:55 GMT )
Май 26, 2021 12:25 Asia/Dushanbe
  • Сел дар вилояти Хатлон зиндагии 14 ҳазору 500 нафарро мушкил кардааст
    Сел дар вилояти Хатлон зиндагии 14 ҳазору 500 нафарро мушкил кардааст

Ҳукумати Тоҷикистон эълом кардааст, ки дар манотиқи аз обхезиҳои ахир зарардида 128 манзили нав сохта мешавад, ки ҳар кадомаш 280 ҳазор сомонӣ арзиш дорад.

 Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Тоҷ Вик, бар ин асос  ҳукумати Тоҷикистон  масолеҳи мавриди ниёз барои сохтмони ин хонаҳоро дар ихтиёри сокинонаш қарор медиҳад ва бақияи ҳазинаҳо бо созмонҳои байналмилалӣ хоҳад буд. 

Ҳукумати Тоҷикистон ва Созмони Милали Муттаҳид эълом карданд, ки сайл ва рониши замин  рӯзҳои 8 то 11 май, ки гуфта мешавад 9 қурбонӣ бар ҷой гузошт, зиндагии 14 ҳазору 500 нафарро дар вилояти Хатлон душвор кардааст. 

Дар ин вилоят 128 хона ба таври комил бар асари сел вайрон шуда ва 400 хонаи дигар ба тармиму бозсозӣ ниёз дорад. 

Аз ин рӯ тарҳи сохтмони 128 хонаи ҷадид барои афроди бехона дар назар аст, ки бо созмонҳои байналмилалӣ низ дар ин мавриди ҳамоҳангӣ ба амал омадааст. 

Гуфта мешавад, ки ҳазинаи сохти ҳар як аз ин хонаҳо 280 ҳазор сомонӣ ( беш аз 24  ҳазор доллар ) баровард шудааст.

 

Бештар бихонед: