Май 26, 2021 19:29 Asia/Dushanbe
  • Субҳонзода: муҷаввизи парвоз барои ширкати русии \
    Субҳонзода: муҷаввизи парвоз барои ширкати русии \"Северний ветер\" содир мешавад

Дар пайи шикояти 200 мусофири тоҷикистонӣ ба далели анҷом нашудани парвози чартерии ширкати ҳавопаймоии русии “Северний ветер”, раиси Созмони ҳавопаймоии кишварии Тоҷикистон тавзеҳотеро ироа кард.

Ба гузориши сомонаи Спутник, Икром Субҳонзода гуфтааст, ки далели саргардонии ин мусофирон, ки аз қабл барои ин парвоз билет таҳия карда буданд, дер расидани дархости ширкати русии "Северний ветер" будааст.

Вай афзуд, шомгоҳи 25 май парвози масири Душанбе ба Санкт-Петербурги Русия анҷом нашуд ва дар натиҷаи он 200 мусофир саргардон шуданд.

Икром Субҳонзода изофа кард, чаҳор ширкати ҳавопаймоии Русия аз қабл мувофиқати худро бо дархости мо барои таъини 500 доллар ба унвони сақфи ниҳоии қимати билет ҳар мусофир эълом карданд, аммо ширкати ҳавопаймоии русии "Северний ветер"посухи мувофиқати худ бо ин дархостро дер фиристод, ки мӯҷиби таъхир дар ин парвоз шуд.

Вай таъкид кард, бо ин ҳол мушкиле эҷод нахоҳад шуд ва бо баррасии ин мавзӯ муҷаввизи парвоз барои ин ширкати русӣ низ содир мешавад.

Субҳонзода афзуд, қимати билет барои ҳар мусофир дар масири Душанбе –Маскав ва баракс набояд аз 500 доллар бештар бошад, ки ин маврид ба иттилои тамомии ширкатҳои ҳавопаймоии тоҷикистонӣ ва русӣ расонда шудааст.

 

Бештар бихонед:

Барчасп