То як моҳи дигар билет барои парвози Тоҷикистон ба Русия нест
Бо вуҷӯди 10 то 12 парвози рӯзона ва интиқоли 3 ҳазор нафар аз Тоҷикистон ба Русия, то 25 июли имсол тамоми билетҳо дар ин масир фурӯхта шудааст.
Ба гузориши сомонаи Топ Тҷ, теъдоди хоҳишмандони парвоз ба Русия, ки аксаран коргарони муҳоҷир тоҷик мебошанд, ба ҳадде зиёд аст, ки ширкатҳои ҳавопаймоӣ аз тавони интиқоли онон бархӯрдор нестанд.
Икром Субҳонзода, раиси Созмони ҳавопаймоии кишварии Тоҷикистон мегӯяд: «дар соли 2020 коргарони тоҷик ба далели густариши вируси корона ва баста шудани марзҳои заминӣ ва ҳавоӣ натавонистанд ба Русия раванд. Аз ин рӯ, бо оғози парвозҳои муназзам ва идомаи парвозҳои чартерӣ аз аввали апрели имсол имкони интиқоли тамомии довтабони тоҷики сафар ба Русия вуҷӯд надорад.»
Субҳонзода афзуд: «аз ин рӯ, аз Созмони ҳавопаймоии кишварии Русия дархост шудааст, ки теъдоди парвозҳо аз Тоҷикистонро афзоиш диҳад. Аммо иҷроӣ кардани ин дархост бастагӣ ба тасмими Ситоди миллии мубориза ба коронаи Русия дорад.
Субҳонзода таъкид кардааст, ки дар ҳоли ҳозир нархи билети Тоҷикистон ба Русия барои ҳар мусофир 500 доллар таъйин шуда ва ширкатҳои ҳавопаймоӣ мутааҳҳид ба таъйини ин нарх мебошанд.
Бештар бихонед: