Июн 01, 2021 18:29 Asia/Dushanbe
  • Мувофиқати Чин бо ирсоли 300 ҳазор доза ваксинаи корона ба Тоҷикистон

Тоҷикистон ва Чин дар мавриди воридоти 300 ҳазор доза(воя) ваксинаи корона тавофуқ карданд.

Ба гузориши  Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Наврӯз Ҷаъфаров, раиси Идораи беҳдошт ва бемориҳои сираятии Вазорати тандурустии Тоҷикистон бо баёни ин хабар гуфт, бо таҳвили ин маҳмӯла 150 ҳазор нафар аз шаҳрвандони Тоҷикистон ваксинатсия хоҳанд шуд.

Вай афзуд, дар ҳоли ҳозир масоили фаннӣ ва роҳҳои ҳамли ваксинаҳо аз Чин ба Тоҷикистон дар ҳоли баррасӣ аст.

Наврӯз Ҷаъфаров гуфт, хариди ваксина аз Ҳинд ба далели шароити шуюи корона дар ин кишвар мунтафӣ шудааст.

Ҷаъфаров дар бораи хариди ваксинаи “Спутник” аз Русия ҳам изҳор кард, Идораи кантроли беҳдошт ва ҳимояти иҷтимоии Вазорати тандурустӣ аз наздик бо ширкати тавлидкунандаи ваксина ҳамкорӣ мекунад ва асноди илмии ин ширкат барои воридоти ваксина дар ҳоли баррасӣ аст.

Аз 23 март токунӯн 80 ҳазор нафар дар Тоҷикистониалайҳи бемории корона ваксинатсия шуданд.

Бештар бихонед:

 

Барчасп