Вазири кишвари Тоҷикистон: Ба тавофуқоти хубе бо Эрон даст ёфтем
(last modified Thu, 03 Jun 2021 08:10:07 GMT )
Июн 03, 2021 13:10 Asia/Dushanbe
  • Раҳимзода: дар ҳавзаи мубориза бо терроризм ва ифротгарӣ, қочоқи маводи мухаддир ва ҷурмҳои созмон ёфта ба тавофуқоти хубе расидаем
    Раҳимзода: дар ҳавзаи мубориза бо терроризм ва ифротгарӣ, қочоқи маводи мухаддир ва ҷурмҳои созмон ёфта ба тавофуқоти хубе расидаем

Вазири кишвари Тоҷикистон аз тавофуқ бо ҳамтои эронии худ дар заминаи мубориза бо терроризм ва ифротгарӣ, қочоқи маводи мухаддир ва ҷурмҳои созмонёфта хабар дод.

Ба гузориши ИРНА, Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон пас аз имзои тафоҳумномаи ҳамкории вазирони кишвари Эрону Тоҷикистон дар Теҳрон гуфт, дар ҳавзаи мубориза бо терроризм ва ифротгарӣ, қочоқи маводи мухаддир ва ҷурмҳои созмонёфта ба товофуқоти хубе расидаем.

Раҳимзода ибрози умедворӣ кард, ин тавофуқот пояе барои густариш ва истеҳкоми равобити Ҷумҳурии Исломии Эрону Тоҷикистон дар оянда шавад.

Абдурризо Раҳмонии Фазлӣ, вазири кишвари Ҷумҳурии Исломии Эрон низ бар густариши ҳамкориҳо дар ҳавзаҳои амниятӣ, сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии Теҳрону Душанбе ду ҳамсояи дӯст ва форсизабон таъкид кард.

Бештар бихонед: