Таниш дар марзи Тоҷикистон ва Қирғизистон
Марзи Тоҷикистон бо Қирғизистон дубора муташанниҷ шуд.
Ба гузориши “Спутник”, Хадамоти марзии Қирғизистон эълом кард: Нерӯҳои марзбонии тоҷик контейнереро дар навоҳии марзии байни ду кишвар мустақар кардаанд.
Дар ин баёния ҳамчунин омадааст: Соати 6 субҳ ба вақти маҳаллии имрӯз авзоъ дар марз ҳамчунон пуртаниш гузориш шудааст.
Ҳамчунин нерӯҳои низомии Тоҷикистон дар наздикии марз ва бо мошинҳои сабук ва сангин мустақар ҳастанд.
Тарафи Қирғизистон талош мекунад то авзоъро дар минтақа ҳаллу фасл кунад, аммо танишҳо ҳамчунони побарҷост.
Вазирони кобинаи давлати Қирғизистон иттилооти ироашуда аз сӯйи хадамоти марзии ин кишварро таъйид мекунанд.
Муноқишоти маҳаллии байни ду кишвар 29 апрели соли ҷорӣ ба даргириҳои мусаллаҳона байни нерӯҳои марзии Тоҷикистону Қирғизистон мунҷар шуд, ки дар натиҷаи беш аз шаш соати даргирӣ 36 шаҳрванди Қирғизистон кушта ва дастикам 200 тан захмӣ шуданд.
Тоҷикистон низ гузориш додааст, ки дар ин даргириҳо 19 тан кушта ва 87 нафар захмӣ шудаанд.
Бештар бихонед:
- Боздошти 5 шаҳрванди Тоҷикистон дар марзи Қирғизистон
- Қирғизистон марзи худ бо Тоҷикистонро ба таври комил баст
- Омода шудани Қирғизистон барои як даргирии дигар дар марз?