Баёнияи маркази матбуотии нерӯҳои марзбонии КДАМ
(last modified Sat, 05 Jun 2021 05:37:04 GMT )
Июн 05, 2021 10:37 Asia/Dushanbe
  • Баёнияи маркази матбуотии нерӯҳои марзбонии КДАМ

Дар пайи танишҳои дубораи марзӣ, маркази матбуотии нерӯҳои марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон(КДАМ) баёния содир кард.

Ба гузориши Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон, маркази матбуотии КДАМ гузориш дод, ки бовуҷуди изҳороти ғайривоқеии тарафи Қирғизистон дар расонаҳо, дар натиҷаи кори Комиссияии байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон оид ба делимитатсия ва демаркатсия, аз масофаи умумии 986,7 км, 519, 9 км сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистон ташреҳ карда шудааст. Яке аз мавзеъҳои боқимондаи тақсимнашуда дар ин минтақа ағбаи Шатти мебошад.

Ҷонибҳо мувофиқа кардаанд, ки фаъолияти худро ҷиҳати муайян кардани хати убури сарҳади давлатӣ дар ин мавзеъ идома медиҳанд ва таклифҳои худро пешниҳод мекунанд.

Мутобиқи мувофиқа дар доираи комиссияи байниҳукуматӣ, баъзе мавзеъҳои марзӣ ташреҳ карда шуданд.

Бинобар ин, ҳоло дастаи посбонони сарҳадии ҚС КДАМ ҶТ мутобиқи хати мувофиқашудаи убури сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистон марзро муҳофизат мекунанд.

Яъне, мутобиқи мувофиқаи протоколӣ дастаи сарҳадӣ дар ҳудуди мувофиқашуда гузошта шудааст. Аз тарафи дигар, дар мавзеъи ағбаи Қарамиқ посгоҳи сарҳадии Ҷумҳурии Қирғизистон бо инфрасохтори дахлдор гузошта шудааст.

Чунин ҷойгиркунӣ дар мавзеъи мазкур усули баробариро дар ҳифзи сарҳади давлатии ду давлати ҳамсоя то ба итмом расидани раванди делимитатсия, демаркатсия ва барасамиятдарории ҳуқуқии он таъмин мекунад.

Бо ҳамин сабаб, ҷиҳати ҳарчи зудтар ба итмом расонидани раванди делимитатсия дар ин мавзеъ, пешниҳод карда шуд, ки ба гурӯҳҳои кории топографии Тарафҳо супориш дода шавад, ки корҳои вобаста ба ташреҳи хати убури сарҳади давлатиро дар ин мавзеъ идома диҳанд. 

БЕШТАР БИХОНЕД: