Июн 10, 2021 17:37 Asia/Dushanbe
  • Эмомалӣ Раҳмон-раиси ҷумҳӯри Тоҷикистон ва Шавкат Мирзиёев-раиси ҷумҳӯри Узбекистон
    Эмомалӣ Раҳмон-раиси ҷумҳӯри Тоҷикистон ва Шавкат Мирзиёев-раиси ҷумҳӯри Узбекистон

Санадҳои ҳамкории наве байни мақомоти Тоҷикистону Узбекистон имзо шудааст .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Эмомалӣ Раҳмон-раиси ҷумҳӯри Тоҷикистон ва Шавкат Мирзиёев-раиси ҷумҳӯри Узбекистон баёнияи муштарак имзо карданд .

Ҳамчунин дар дидори раисони ҷумҳӯри Узбекистон ва Тоҷикистон асноди ҳамкорӣ дар бахшҳои саноъату фановариҳои навин, эҷоди ширкати сармоягузорӣ муштараки Тоҷикистону Узбекистон, ихтисоси замин барои сохти намояндагиҳои дипломатии Тоҷикистон дар Узбекистон, сабукӣ дар тараддуди шаҳрвандони ду кишвар, ҳамкориҳои мутақобили байни вазоратхонаҳои умӯри хориҷа, мутолиаи имконсанҷӣ барои сохт ва баҳрабардорӣ аз ду нерӯгоҳи обӣ- барқӣ  дар ҳавзаи рӯдхонаи Зарафшон, транзити коло аз тариқи хоки ҷумҳӯрии Узбекистон ва тавсеъаи ҳамкорӣ дар заминаи кишоварзӣ имзо шуд .

  Раисони ҷумҳӯри Узбекистон ва Тоҷикистон пас аз имзои тафоҳумномаҳои муштарак дар нишасти хабарӣ ҳам ширкат ва ба саволоти хабарнигорон посух доданд .

 

 

    Бештар бихонед :

 

Барчасп