Баҳрабардорӣ аз тарҳҳои ободонӣ ва хадамотӣ бо ҳузури раиси ҷумҳӯрии Тоҷикистон дар вилояти Суғд
(last modified Sun, 13 Jun 2021 09:10:43 GMT )
Июн 13, 2021 14:10 Asia/Dushanbe
  • Баҳрабардорӣ аз тарҳҳои ободонӣ ва    хадамотӣ бо ҳузури раиси ҷумҳӯрии Тоҷикистон дар вилояти Суғд

Раиси ҷумҳӯрии Тоҷикистон чанд тарҳи тавлидӣ ва хадамотиро дар вилояти Суғд ифтитоҳ кард .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақли аз сомонаи Ховармомалӣ Раҳмон дар сафар ба вилояти Суғд коргоҳҳои равғанкашӣ ва орд дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, бинои идораи хадамоти” Муҳофиз”- вилояти Суғд ва кӯдакистони хусусиро дар шаҳри Хуҷанд ифтитоҳ кард .
Корхонаҳои равғанкашӣ ва орди ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо сармоягузории 72 миллион сомонии Илҳом Рабеъов-соҳибкори маҳаллӣ сохта шудааст .

Бо ифтитоҳи ин маркази тавлидӣ барои 300 нафар шуғл эҷод шуд.
Эмомалӣ Раҳмон дар ҷамъи мақомоти давлатӣ ва фаъолони иқтисодии вилояти Суғд гуфт : Ба муносибати фаро расидани сиюмини солгарди истиқлоли Тоҷикистон то моҳи сентябри соли ҷорӣ сохт, бозсозӣ ва таҷҳизи 6 ҳазору 967 тарҳ дар бахшҳои мухталиф дар вилояти Суғд барномарезӣ шуда, ки то кунун 91 дарсади онҳо иҷро шудааст .
Ӯ афзуд : Агар таи солҳои 2016 то 2020 бо сармоягузории давлати Тоҷикистон 192 тарҳ ба арзиши 7 миллиарду 800 миллион сомонӣ дар вилояти Суғд иҷро шудааст, ин теъдод барои солҳои 2021 то 2025 ба ҳудуди 243 тарҳ бо эътбори 11 миллиард сомонӣ хоҳад расид .



Бештар бихонед :


 

 

Барчасп