Дастури Эмомалӣ Раҳмон барои сохти хонаҳои ҷадид ба зарардидагон аз сел дар Кӯлоб
(last modified 2021-06-16T06:07:36+00:00 )
Июн 16, 2021 11:07 Asia/Dushanbe
  • Дастури Эмомалӣ Раҳмон барои сохти хонаҳои ҷадид ба зарардидагон аз сел дар Кӯлоб

Раисиҷумҳури Тоҷикистон бо сафар ба шаҳри Кӯлоб бо хонаводаҳои аз сели рӯзи 11 моҳи майи соли ҷорӣ зарардида, дидору гуфтугӯ кард.

Ба гузориши сомонаи Ховар, Эмомалӣ Раҳмон дар ин дидор ба масъулони маҳаллиӣ дастур дод, ки барои поён додани сохти хонаҳои ҷадид ва сукунати 43 хонаводаи осебдида аз сел то 20 августи соли равон иқдом кунанд.

Вай таъкид кард, бар асар сели харобовари рӯзи11 май дар шаҳри Кӯлоб,  3 нафар кушта ва 43 хона ба таври комил тахриб шуд.

Ҳамчунин ба 4 мактаб,  6 километр роҳ, 25километр хутути интиқоли барқ ва 136 гектар заминҳои кишоварзӣ хисороти фаровон ворид шудааст.

Мизони зиёни ворида дар пайи ин ҳодисаи табиӣ, 46 миллион сомонӣ мебошад.

Мақомоти ҳукуматӣ мегӯянд, барои сохти 43 хонаи ҷадид дар шаҳри Кӯлоб ба ҳар хонаводаи зарардида масолеҳи сохтумонии ройгон тавзеъ кардаанд.

Бештар бихонед:

 

Барчасп