Гардишгарӣ - меҳвари дидори мақомоти Тоҷикистон ва Туркия
(last modified Wed, 16 Jun 2021 11:40:28 GMT )
Июн 16, 2021 16:40 Asia/Dushanbe
  • Гардишгарӣ - меҳвари дидори мақомоти Тоҷикистон ва Туркия

Муовини вазири умури хориҷаи Тоҷикистон ва муовини вазири фарҳангу гардишгарии Туркия дар шаҳри Душанбе бо якдигар дидору гуфтугӯ карданд.

Шараф Шерализода ва Нодир Алпаслон дар ҳошияи нишасти Комиссияи муштараки гардишгарии ду кишвар бо якдигар мулоқот карданд.

Тарафайн дар ин гуфтугӯ дар мавриди густариши ҳамкориҳои ду кишвар дар заминаи гардишгарӣ, эҷоди зерсохтҳои туристӣ, табодули таҷоруб байни коршиносон, созмондеҳии рӯйдодҳои муштарак, ширкат дар намоишгоҳҳои якдигар ва ҳамкорӣ дар чорчӯби созмонҳои байналмилалӣ ва минтақаӣ табодули назар карданд.

Комиссияи муштараки гардишгарии Тоҷикистон ва Туркия дар шаҳри Душанбе баргузор шуд, ки раёсати ҳайати тоҷикиро Тоҷиддин Ҷӯразода, раиси Кумитаи тавсеаи гардишгарии раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва раёсати ҳайати Туркияро Нодир Алпаслон, муовини вазири фарҳангу гардишгарии Туркия бар ӯҳда доштанд.

Дар ин ҷаласа раванди иҷрои барномаи ҳамкорӣ дар заминаи гардишгарӣ байни ду кишвар ва ҳамоҳангӣ дар иқдомоти муштарак низ баррасӣ шуд.

 

Бештар бихонед: