Нишасти умумии солонаи саҳҳомдорони нерӯгоҳи "Роғун"
(last modified Sat, 19 Jun 2021 13:48:12 GMT )
Июн 19, 2021 18:48 Asia/Dushanbe
  • Нишасти умумии солонаи саҳҳомдорони нерӯгоҳи

Нишасти умумии солонаи саҳҳомдорони нерӯгоҳи "Роғун" ба раёсати нахуствазири Тоҷикистон баргузор шуд.

Дар ибтидои ҷаласа, гузориши солонаи ҳисобдорӣ ва гузориши Комиссиони ҳисобрасӣ дар мавриди фаъолиятҳои молии ширкати саҳҳомии нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” дар соли гузашта ба Қоҳир Расулзода итилоърасонӣ шуд.

Дар ин ҷаласа ҳамчунин аъзои ҳайати мудира дар бораи афзоиши сармояи ширкати саҳҳомии нерӯгоҳи барқи обии Роғун ва ислоҳи асосномаи ширкат тасмимгирӣ карданд.

Ҳамчунин пешнависи қарордоди “ эҳдоси тарҳи соҳили рост”-и нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” ҳам таъйид шуд.

Дар ин нишаст аъзои ҳайати назорат, комиссиони ҳисобрасӣ ва Комиссиони муҳосиботи умумӣ низ интихоб шуданд.

Нерӯгоҳи Роғун бо сади хокии 335 метрӣ ва зарфияти тавлиди 17 миллиардкиловатт соат/барқ дар сол бузургтарин тарҳи барқи обии минтақа аст.

Дар буҷети соли 2021 ҳукумати Тоҷикистон барои идомаи сохти нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” 2.1 миллиардсомонии дигар монанди соли 2020 ҳазина хоҳад шуд.

Бештар бихонед: