Омодабоши нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон дар навоҳии марзӣ бо Афғонистон
Нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон дар марз бо Афғонистон дар ҳолати омодабош ҳастанд.
Ба гузориши сомонаи Ховар, сардори маркази матбуоти Вазорати мудофиаи Тоҷикистон полковник Фаридун Маҳмадализода гуфт, қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон, ки дар хатти дуввуми дифоъ дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон хизмат мекунад, ба режими махсуси фаъолият гузаронида шуданд.
Вай гуфт, ки бо пуршиддат шудани вазъ дар Афғонистон нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо марзбонон марзҳои кишварро муҳофизат мекунанд.
Маҳмадализода таъкид кард, «Дар ин рӯзҳо интиқоли иловагии таҷҳизот ё нерӯ ба амал оварда нашудааст ва феълан дар нақша ҳам нест, зеро вазъи ноустувори Афғонистон моро водор карда буд, ки қисмҳои низомиамонро, ки дар хатти дуюми мудофиа қарор доштанд, тақвият диҳем».
Ёдовар мешавем, ки тайи 10 рӯзи гузашта дар Афғонистон дар чор минтақаи наздимарзӣ миёни нерӯҳои ҳукуматӣ ва ҷангиёни ҲаракатиТолибон ( дар Тоҷикистон мамнуъ эълон шудааст) бархӯрд ба амал омадааст. Ҳашт ноҳия ва ду посгоҳи марзӣ таҳти назорати ҷангиён гузаштанд.
21 июн як гурӯҳи Толибон ба гузаргоҳи Шерхон-Бандар дар вилояти Қундуз ҳамла кард. Шумораи умумии низомиёни афғон (маҷрӯҳ, кушта ё асир афтода) ба 100 нафар расид. 134 нафари дигар пас аз задухӯрдҳои шадид 22 июн ба қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути гузаргоҳи Панҷ фирор карданд.
Бештар бихонед:
- Ҳамалоти ҳавоии артиши Афғонистон ба мавозеъи Толибон
- Назари коршиносони тоҷик дар бораи ҳузури Толибон дар навоҳии марзии Тоҷикистон бо Афғонистон