Пешбинии афзоиши дамои ҳаво дар Тоҷикистон
(last modified Tue, 06 Jul 2021 03:56:55 GMT )
Июл 06, 2021 08:56 Asia/Dushanbe
  • Пешбинии афзоиши дамои ҳаво дар Тоҷикистон
    Пешбинии афзоиши дамои ҳаво дар Тоҷикистон

Идораи обуҳавошиносии Тоҷикистон барои бештари манотиқи кишвар афзоиши дамои ҳаворо пешбинӣ кард.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Азия плюс, идораи ҳавошиносии Тоҷикистон эълом кард, то 10 июл дамои ҳаво  дар манотиқи ҷануби ғарбии кишвар афзоиш меёбад.

Бар асоси иттилоъияи идораи ҳавошиносии Тоҷикистон  дамои ҳаво дар бештари манотиқи кишвар аз 39 то 44 дараҷаи сантиград болои сифр навасон дорад, вале дар манотиқи ҷануби ғарбӣ дамои ҳаво  ба 48 дараҷаи сантиград болои сифр хоҳад расид.

Дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳарорати миёна ба 35 дараҷа болои сифр мерасад.

Дар ин давра, бинобар баланд шудани ҳарорат, сатҳи оби дарёҳои Панҷ, Вахш ва Зарафшон боло меравад ва дар баъзе минтақаҳои кӯҳистони Бадахшон обхезӣ дур аз интизор нест.

Дар шаҳри Душанбе ҳам дар ду рўзи оянда вазиши боди шадид бидуни борандагӣ пешбинӣ шудааст.

Идораи ҳавошиносии Тоҷикистон аз шаҳрвандон  хост то итилоъи баъдӣ аз рафтан ба доманаи кӯҳ ва лаби рудхонаҳо парҳез кунанд.

Ронандагон  ҳам бояд ҳангоми убур аз гарданаҳо ва ҷодаҳои кӯҳистонӣ, ба вижа дар манотиқи хатарнок  муқаррароти ронандагиро риоят кунанд.