Фаъолияти консулгарии Тоҷикистон дар Мазори Шариф идома меёбад
(last modified Mon, 12 Jul 2021 09:01:21 GMT )
Июл 12, 2021 14:01 Asia/Dushanbe
  • Фаъолияти консулгарии Тоҷикистон дар Мазори Шариф идома меёбад

Бо вуҷуди баста шудани намояндагиҳои сиёсии аксар аз кишварҳои хориҷӣ дар шаҳри Мазори Шариф, маркази вилояти Балхи Афғонистон, консулгарии Тоҷикистон ба фаъолияти хеш идома хоҳад дод.

Ба гузориши сомонаи “Спутник”, ба далели ташдиди даргириҳо дар атрофи шаҳри Мазори Шариф миёни гурӯҳи Толибон ва нерӯҳои давлатии Афғонистон, аксар аз кишварҳои хориҷӣ бо таътилии консулгариҳои хеш, кормандонро ба Кобул мунтақил кардаанд.

Аммо мақомоти вилояти Балх мегӯянд, ки танҳо консулгарии Тоҷикистон ҳамчунон ба фаъолияти хеш дар Мазори Шариф идома медиҳад.

Консулгариҳои Тоҷикистон то соли 2016 дар шаҳрҳои Қундӯз ва Файзободи Афғонистон фаъол буданд, ки ба далоили амниятӣ баста шудаанд.

Акнун танҳо намояндагии сиёсии ин кишвар дар шимоли Афғонистон, дар маркази вилояти Балх ба кори хеш идома медиҳад. Сафорати Тоҷикистон дар шаҳри Кобул, пойтахти Афғонистон низ фаъол мебошад.

Тайи ҳафтаҳои ахир гурӯҳи Толибон ба ташдиди ҳамалоти хеш аксар аз манотиқи марзи муштараки Афғонистон бо Тоҷикистонро таҳти контрол гирифтаанд.

 

Бештар бихонед: