Ройзании вазирони хориҷаи Тоҷикистону Покистон дар Душанбе
(last modified Tue, 13 Jul 2021 12:47:05 GMT )
Июл 13, 2021 17:47 Asia/Dushanbe
  • Ройзании вазирони хориҷаи Тоҷикистону Покистон дар Душанбе

Вазирони умури хориҷаи Тоҷикистону Покистон дар шаҳри Душанбе бо якдигар дидор карданд.

Ба гузориши сомонаи вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон,  мулоқоти вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо Вазири корҳои хориҷии Покистон Маҳдум Шоҳ Маҳмуд Қурайшӣ баргузор гардид.

Дар мулоқот вазирони корҳои хориҷӣ амалисозии тавофуқоти роҳбарони ду кишвар, вазъи амнияти минтақавӣ, ҳолат ва дурнамои ҳамкориҳои муштаракро мавриди баррасӣ қарор доданд. Зимнан ҷонибҳо бар зарурати тавсеаи робитаҳои тиҷоративу иқтисодӣ, сармоягузорӣ ва илмӣ-техникии ду кишвар, ҳамкорӣ дар соҳаи саноат ва энергетика, аз ҷумла амалисозии лоиҳаи CASA-1000 таъкид карданд.

Ҷонибҳо инчунин ҳамкориҳои Тоҷикистону Покистонро дар доираи созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ баррасӣ карданд.

Вазири корҳои хориҷии Покистон Маҳдум Шоҳ Маҳмуд Қурайшӣ дар нишасти навбатии Шӯрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви СҲШ ва нахустин нишасти Гурӯҳи тамоси СҲШ-Афғонистон, ки 14 июли 2021 дар сатҳи вазирон дар Душанбе доир мешавад, иштирок хоҳад кард.

Бештар бихонед: