Дастури шаҳрдории Душанбе барои риояти муқаррароти беҳдоштӣ дар намози Иди Саиди Қурбон
Шаҳрдории Душанбе ба тамоми имомхатибони масҷидҳои пойтахти Тоҷикистон дастур дод ки, ҳангоми иқомаи намози Иди Саиди Қурбон муқаррароти беҳдоштиро муроот кунанд.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Спутник, Маъсума Мӯъминӣ муовини аввали шаҳрдори Душанбе гуфтааст, ки ахиран дар нишасти шӯрои шаҳри ин дастур содир шуд.
Аз ин рӯ дар рӯзи сешанбеи 20 июли соли ҷорӣ, ки дар Тоҷикстон Иди Саиди Қурбон эълом шудааст бояд тамоми масоҷиди пойтахти ин кишвар дезинфексия шаванд, намозгузорон фосилаи иҷтимоиро риоят кунанд ва аз қабл барои ин афроди итилоърасонӣ шавад.
Гуфта мешавад. ки замони иқомаи намози Иди Саиди Қурбон соати 6 :30 дақиқаи субҳи 20 июли соли ҷорӣ таъин шудааст.
Ахиран ситоди миллии муқобила бо бемории Ковиди 19 Тоҷикистон муҷаввизи иқомаи намози Иди Саиди Қурбон дар ин кишварро ба шарти мурооти муқаррароти беҳдоштӣ содир кард.
Дар соли 2020 ба далели густариши вируси корона иқомаи намози Иди Саиди Қурбон дар Тоҷикистон мамнӯъ шуда буд.
Бештар бихонед: