Судури ҳукми зиндон барои имомхатиби яке аз масоҷиди Кӯлоб
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i71010-Судури_ҳукми_зиндон_барои_имомхатиби_яке_аз_масоҷиди_Кӯлоб
Имомхатиби яке аз масоҷиди Кӯлоб ба зиндон маҳкӯм шуд.
(last modified 2025-09-23T13:20:16+00:00 )
Июл 24, 2021 16:28 Asia/Dushanbe

Имомхатиби яке аз масоҷиди Кӯлоб ба зиндон маҳкӯм шуд.

Ба гузориши сомонаи Топ Тҷ, раиси додгоҳи минтақаи Кӯлоби Тоҷикистон аз судури ҳукми 5 сол зиндон барои имомхатиби яке аз масоҷиди ин шаҳр ба иттиҳоми ҳамкорӣ бо сомонаи “Ислоҳ” дар фазои маҷозӣ хабар дод.

Иззатулло Табарзода гуфт, "Аз 1-уми феврал то 4-уми марти имсол ба Муҳаммадиқболи С. тавассути телефони мобилӣ иртибот пайдо карда, нусхаи мавъизаҳои пешниҳодшуда аз ҷониби Кумитаи динро ба воситаи Фейсбук фиристодааст. Ба ғайр аз ин, маълумотро дар бораи вазъи кунунии Кӯлоб ва роҳбарияти он ирсол кардааст"

Ба гуфтаи Табарзода ду сокини дигари ин шаҳр низ ба иттиҳоми мушобеҳ ҳар як ба 5 сол зиндон маҳкӯм шуданд.

Бар асоси ахбори расмӣ, тайи шаш моҳи нахусти соли ҷорӣ дар минтақаи Кӯлоб 5 нафар ба иттиҳоми ҳамкорӣ бо Ҳизби ҳоло фаъолияташ дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ, аз 5 то 8 сол зиндон маҳкӯм шуданд.

Бештар бихонед: