Кумаки молии Русия барои эҷоди посгоҳи марзии Тоҷикистон бо Афғонистон
(last modified Thu, 12 Aug 2021 16:36:35 GMT )
Август 12, 2021 21:36 Asia/Dushanbe
  • Кумаки молии Русия барои эҷоди посгоҳи марзии Тоҷикистон бо Афғонистон

Русия қасд дорад барои эҷоди як посгоҳи марзии ҷадид дар марзи Афғонистон 1.1 миллион доллар ба Тоҷикистони кумаки молӣ кунад .

Дар шароите ки мақомҳои мухталифи Маскав борҳо дар бораи таъсироти эҳтимолии ташдиди даргириҳо дар Афғонистон бар минтақаи Осиёи Марказӣ изҳори назар кардаанд як мақоми аршади Русия аз кумаки молии ин кишвар ба Тоҷикистон барои сохти як посгоҳи марзӣ хабар дод .
Банно бар гузориши Райтер хабаргузории Интерфкси Русия ба нақл аз Олег Сиромолотов-муовини вазири хориҷаи ин кишвар хабар дод, ки Маскав барои эҷоди як посгоҳи марзии ҷадид дар марз бо Афғонистони 1.1 миллион доллар ба Тоҷикистон кумаки молӣ хоҳад дод .
Қарор аст ки ин посгоҳи марзӣ дар Хатлони Тоҷикистон, ки бо вилояти Қундузи Афғонистон марзи муштарак дорад,сохта шавад. Нерӯҳои Толибон таи ҳафтаи ҷорӣ кантроли ин вилоятро дар даст гирифтанд.
Тибқи гузориши Интерфакс,Русияву Тоҷикистон дар ояндаи наздик тавофуқи марбут ба кумаки молии Маскав ба Душанбе барои сохти ин посгоҳи марзиро имзо мекунанд .
Ба дунболи ташдиди даргириҳо дар Афғонистон ба дунболи эъломи хурӯҷи Амрикову муттаҳидонаш аз Афғонистон, мақомҳои мухталифи Русия дар бораи ноамнӣ барои муттаҳидони ин кишвар дар Осиёи марказӣ ибрози нигаронӣ кард ва артиши Русия ҳам машғӯли баргузории размоишҳои муштарак дар ин минтақа будааст .
Сергей Шайго-вазири дифои Русия рӯзи гузашта эълом кардолибон контроли марзҳои Афғонистон бо Тоҷикистону Узбекистонро дар даст гирифтааст.
Ба гуфтаи Шаго Толибон қавл дода аз марз убур намекунад, аммо Русия ба баргузории размоишҳои муштарак бо муттаҳидони худ идома хоҳад дод.