Шабдолов хостори иртиботи Тоҷикистон ба гурӯҳи Толибон шуд
Шахсияти саршиноси сиёсии Тоҷикистон хостори барқарории иртибот бо гурӯҳи Толибон дар Афғонистон шуд.
Ба гузориши сомонаи «ТоҷВик», Шодӣ Шабдолов, ки дар даврони Шуравӣ дар Афғонистон ба унвони мушовири иқтисодӣ фаъолият кардааст, мегӯяд, ки имрӯз гурӯҳи Толибон як воқеият аст, ки бояд бо онон иртибот барқарор кард.
Вай изҳор доштааст, ки барқарории иртибот бо Толибон ба маънии ба расмият шинохтани онон нест, аммо барои Тоҷикистон, ки ҳамсояи наздики Афғонистон мебошад, доштани равобит бо ин кишвар муҳим аст.
Вай ҳамчунин хостори барқарории иртиботи Тоҷикистон ба тамоми гурӯҳҳои сиёсии Афғонистон шуд.
Аз дидгоҳи Шабдолов, Русия ва Чин ба унвони ду кишвари таъсиргузор дар таҳаввулоти минтақа, намегузоранд, ки ҳаводиси ахир дар Афғонистон муҷиби ташаннуҷи авзои амниятии Тоҷикистон гардад.
Бештар бихонед: