Август 23, 2021 14:00 Asia/Dushanbe
  • Ирсоли лоиҳаи афви умумӣ то 2 рўзи дигар ба Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон

Лоиҳаи афви умумӣ то 2 рўзи дигар ба Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон ирсол мешавад .

Гурӯҳи кории вижаи омодасозии лоиҳаи нави афви умумӣ дар Тоҷикистон то  2 рўзи дигар ин лоиҳаро ба Маҷлиси намояндагони ин кишвар мефиристанд .
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Тоҷвек, қарор аст дар сурати тасвиби ин лоиҳа дар Маҷлиси Тоҷикистон маҳкумияти 25 ҳазор нафар аз зиндониён бахшида ва ё ба муҷозоти онҳо тахфиф дода мешавад .
Ин коргурӯҳ шомили намояндагони вазоратхонаҳои адлия, умури дохила, додситонии кулл ва ҳуқуқдонон будааст.
Лоиҳаи нави афви умумӣ ба муносибати фаро расидани сиюмин солгарди истиқлоли Тоҷикистон таҳия ва барои тасвиб ба маҷлис ирсол мешавад.
25 октбяри 2019 низ ба муносибати бисту панҷумин солгарди тасвиби Қонуни асосии Тоҷикистон қонуни афви умумӣ иҷро шуд, ки бар асоси он 20 ҳазор нафар аз зиндониён озод шуданд ва ё ба муҷозоти онҳо тахфиф дода шуд .



Бештар бихонед :

 

Барчасп