Интишори матолиб дар бораи Тоҷикистон дар маҷаллаи олмонӣ
Маҷаллаи олмонии Wostok дар ҳаҷми 80 сафҳа шумораи ахирашро ба 30-мин солгарди Истиқлоли Тоҷикистон ихтисос додааст .
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Ховар, ин маҷалла дар бораи таърихи Тоҷикистон, рушд ва пешрафти ин кишвар дар даврони Истиқлол, узвияти он дар созмонҳои байналмиллалӣ ва минтақаӣ, ҷозибаҳои гардишгарӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва одобу русуми мардуми тоҷик матолиби зиёде ба хонандагони хеш ироа кардааст .
Ҳамчунин роҷеъ ба сиёсати хориҷии давлати Тоҷикистон, ҳамкории ин кишвар бо созмонҳои байналмиллалӣ ва минтақаӣ, мавзеи Душанбе дар бораи таҳаввулоти Афғонистон, ибтикори ин кишвар дар бораи барномаи 10-солаи ” Нақши об дар рушди пойдор” матолиби мухталиф мунташир шудааст . Ин маҷаллаи олмонӣ дар чанд сафҳа ба муаррифии шахсиятҳои сиёсӣ ва илмиву фарҳангии Тоҷикистон низ пардохта аст .
Бештар бихонед :