Бо вуҷуди барқарории парвозҳои муназзам миёни Тоҷикистон ва Русия билет арзон нашуд
(last modified Wed, 01 Sep 2021 04:52:31 GMT )
Сентябр 01, 2021 09:52 Asia/Dushanbe
  • Бо вуҷуди барқарории парвозҳои муназзам миёни Тоҷикистон ва Русия билет арзон нашуд

Бо вуҷуди барқарории парвозҳои муназзам миёни Тоҷикистон ва Русия ва ваъдаи масъулон барои коҳиши қимати билети ҳавопаймо, ҳанӯз ин иттифоқ науфтодааст.

Ба гузориши сомонаи «ТоҷВик», қаблан масъулони Созмони ҳавопаймоии кишварии Тоҷикистон эълом карда буданд, ки аз 27 августи соли ҷорӣ 14 парвози муназзам миёни ин кишвар ва Русия анҷом хоҳад шуд, ки афзоиши теъдоди парвозҳо сабаби коҳиши қимати билет мешавад.

Аммо акнун бо гузашти чанд рӯз аз барқарорӣ ва афзоиши теъдоди парвозҳо қимати билет коҳиш наёфтааст.

Масъулони ширкатҳои ҳавопаймоии Созмони ҳавопаймоии кишварии Тоҷикистон дар ин маврид тавзеҳ намедиҳанд.

Баррасиҳо нишон дод, ки дар 7 маҳалли фурӯши билети ҳавопаймо дар парвозҳои Душанбе ба Маскав қимати билет барои ҳар мусофир байни 6 ҳазору 300 то 6 ҳазору 500 сомонӣ ва барои мусофирони масири Хуҷанд ба Маскав 5 ҳазору 400 то 6 ҳазор сомонӣ эълом шудааст.