Амнияти минтақаӣ меҳвари дидори раисони ҷумҳурии Тоҷикистону Қазоқистон
Дар дидори раисони ҷумҳурии Тоҷикистону Қазоқистон масоили амнияти минтақаӣ ва байналмилалӣ баҳсу баррасӣ шуд.
Ба гузориши Форс, дар дидори Эмомалӣ Раҳмон ва Қосим Ҷомарт Тоқаев, раисони ҷумҳури Тоҷикистону Қазоқистон масоили амнияти минтақаӣ ва байналмилалӣ мавриди баҳсу табодули назар қарор гирифт.
Дар ибтидои ин дидор раисиҷумҳури Тоҷикистон аз ҳамтои қазоқи худ ҷиҳати ҳузур дар нишастҳои сарони Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ ва Созмони Ҳамкории Шанхай қадрдонӣ карду Қазоқистонро яке аз шарикони муҳимии стротежии ин кишвар хонд.
Эмомалӣ Раҳмон гуфт, Тоҷикистон тарафдори тавсеаи таомулоти ду кишвар дар заминаҳои иқтисодӣ, тиҷорӣ, санъатӣ, кишоварзӣ, ҳамлу нақл, амниятӣ ва низомӣ аст.
Да тараф дар мавриди эҷоди корхонаҷоту марокизи тиҷорати умдаи фурӯши муштарак дар Тоҷикистон ва баргузории нишасти машваратии баъдии сарони Осиёи Марказӣ дар соли 2022 дар Душанбе ба тавофуқ расиданд.
Тарафайн ҳамчунин дар мавриди масоили амнияти байналмилалӣ ва минтақаӣ ва ба хусӯс авзоъи сиёсӣ ва амниятии Афғонистон, ки дар остонаи як фоҷеъаи инсонӣ барои мардуми ин кишвар аст, гуфтугӯ карданд.
Раисиҷумҳури Тоҷикистон бори дигар бар мавзеи қотеъи кишвараш нисбат ба зарурати ҳаллу фасли ҷомеъи мушкили Афғонистон таъкид кард.
Тоқаев низ бо таъкид бар алоқамандии Қазоқистон ҷиҳати густариши муносиботи дӯстона бо Тоҷикистон дар ҳамаи заминаҳои мавриди алоқаи мутақобил, изҳори итминон кард, ки дар оянда шоҳиди натоиҷи беҳтаре дар ҳамкориҳои миёни ду кишвар хоҳем буд.
Вай ҳамчунин мавзуоти мавриди баҳс дар нишастҳои сарони Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ ва Созмони Ҳамкории Шанхайро, ки имрӯзу фардо баргузор хоҳанд шуд, муҳим тавсиф кард.
Бештар бихонед:
- Фаъолияти дубораи Бонки миллии Қазоқистон дар Тоҷикистон
- Эъломи омодагии Қазоқистон барои пазириши паноҳҷӯёни Афғонистон