Сентябр 16, 2021 09:54 Asia/Dushanbe
  • Мулоқоти вазири умури хориҷаи Чин бо раисиҷумҳури Тоҷикистон

Раисиҷумҳури Тоҷикистон бо вазири умури хориҷаи Чин дидору  гуфтугӯ кард.

Имрӯз (16 сентябр) дар Қасри миллат Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон вазири корҳои хориҷии Чин Ван Иро, ки ҷиҳати иштирок дар ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай дар Тоҷикистон қарор дорад, ба ҳузур пазируфт.

Ба навиштаи сомонаи Ховар, дар ҷараёни мулоқот ҳамкории дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистон ва Чин дар чаҳорчуби муносиботи шарикии стратегии ҳамаҷониба ва дар доираи ташкилоту созмонҳои минтақавию байналмилалӣ баррасӣ карда шуд.

Ҷонибҳо аз сатҳи баланди ҳамкории кишварҳо дар бахшҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангию гуманитарӣ ва амниятӣ изҳори қаноатмандӣ карда, роҳҳои рушду густариши минбаъдаи робитаҳо дар соҳаҳои тиҷорат, саноат, энергетика, кишоварзӣ, нақлиёт ва ҷалби сармояи Чин ба иқтисодиёти Тоҷикистонро, муҳокима намуданд.

Аз вазъи мураккаби сиёсию низомӣ дар кишвари ҳамсояи Афғонистон изҳори нигаронӣ карда шуд.

Таъкид гардид, ки Тоҷикистон бо сарҳади дарозтарин, забон ва таърихи муштарак бо Афғонистон, нисбат ба сарнавишти ин кишвар бетараф буда наметавонад.

Дар ин зимн таъкид гардид, ки Тоҷикистон хостгори барқарории сулҳу суботи пойдор дар ин кишвари ҳамсоя мебошад.

Бештар бихонед:

 

Барчасп